تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۴:۳۲
کد مطلب : ۵۴۹
۰
plusresetminus
...
Аз вилодати Мавъуд то шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ
Ин давра аз зиндагии ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дарбардорандаи нуктаҳои бисёр муҳимме аст, ки ба бахше аз онҳо ишора мешавад:
Муаррифии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба шиаён
Аз он ҷо ки вилодати Имоми дувоздаҳум ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба сурати пинҳонӣ анҷом гирифт, тарси он вуҷуд дошт, ки шиаён дар шинохти охирин ҳуҷҷати Худо ба иштибоҳ ва гумроҳӣ гирифтор шаванд. Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ вазифа дошт то фарзанди худро ба гурўҳе аз бузургони шиа ва афроди мавриди эътимод муаррифӣ кунад, то онҳо низ хабари таваллуди он ҳазратро ба дигар пайравони Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим бирасонанд ва ба ин тартиб зимни муаррифии он бузургвор, таҳдиде ҳам мутаваҷҷеҳи вуҷуди он охирин ҳуҷҷати илоҳӣ нагардад.
Аҳмад ибни Исҳоқ, ки аз бузургони шиа ва пайравони ба хусуси Имоми ёздаҳум саломуллоҳи алайҳ аст, мегўяд:
Ҳузури Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ шарафёб шудам ва мехостам дар бораи имоми пас аз он ҳазрат савол кунам, вале пеш аз он ки сухане бигўяд, фармуд: Эй Аҳмад ҳамоно Худои Мутаол аз он замоне, ки Одамро офарида, заминро аз ҳуҷҷати худ холӣ нагузошта аст ва то қиёмат низ чунин нахоҳад кард! Ба воситаи ҳуҷҷати Худо бало аз аҳли замин бардошта мешавад ва (ба баракати вуҷуди ў) борон борида ва баҳраҳои заминӣ берун меояд.
Арз кардам: Эй писари Расули Худо! Имом ва ҷонишини баъд аз шумо кист?!
Он ҳазрат ба шитоб ба даруни хона рафту баргашт дар ҳоле, ки писаре се сола, ки чеҳрааш монанди моҳи комил медурахшид ба души худ дошт ва фармуд: Эй Аҳмад ибни Исҳоқ! Агар назди Худои Мутаол ва ҳуҷҷатҳои ў гиромӣ набудӣ, ин писарамро ба ту нишон намедодам! Ҳамоно ў ҳамном ва ҳам куняи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва касе аст, ки заминро пур аз адлу дод мекунад ҳамон гуна, ки аз зулму ситам пур шуда бошад.
Гуфтам: Сарвари ман! Оё нишонае аст, ки қалбам бо он ором гардад?!
Дар ин ҳангом он кўдак лаб ба сухан кушоду бо забони арабии равон гуфт:
"أنا بقية الله في ارضه والمنتقم من اعدائه ..."
“Ман бақияталлоҳ дар замин ҳастам, ки аз душманони Худо интиқом хоҳам гирифт. Фармуд: Эй Аҳмад ибни Исҳоқ баъд аз ин ки бо чашми худат мебинӣ дигар аз паи нишона набош. Аҳмад ибни Исҳоқ мегўяд: Баъд аз шунидани ин суханон бо шодмонӣ аз хонаи Имом саломуллоҳи алайҳ берун шудам ...” (Ёдовар мешавем, ки санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад.)
Ҳам чунин Муҳаммад ибни Усмон ва чанд тан аз бузургони шиа нақл мекунанд, ки:
Чиҳил нафар аз шиаён назди Имоми ёздаҳум саломуллоҳи алайҳ гирд омаданд. Он ҳазрат фарзандашро ба мо нишон дода фармуд: “Баъд аз ман ин имоми шумо ва ҷонишини ман аст. Аз Ў итоат кунед ва баъд аз ман дар дини худ пароканда нашавед, ки ҳалок хоҳед шуд ва бидонед, ки баъд аз имрўз дигар Ўро нахоҳед дид ...” (Санади Ин ҳадис саҳеҳ мебошад ва ҳам чунин ин ҳадисро чандин нафар, ки дар он маҷлис ҳузур доштаанд ривоят кардаанд.)
Гуфтанӣ аст, ки яке аз барномаҳои динӣ ва суннатҳои суфориш шуда, ақиқа кардан ва валима додан барои навзод аст ва он куштани гусфанд ва таом додан ба гурўҳе аз мардум аст, ки барои саломатӣ ва тўли умри фарзанд таъсири фаровон дорад. Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ борҳо барои фарзандаш ақиқа намуд то зимни амал ба ин суннати некўи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гурўҳҳои бисёре аз шиаёнро аз таваллуди Имоми дувоздаҳум, ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ огоҳ созад.
Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҳзиёр мегўяд:
“Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ барои яке аз шиаёни худ гусфанди сарбуридае фиристод ва фармуд: Ин аз ақиқаи фарзандам “Муҳаммад” аст. (Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад.)
Мўъҷизот ва каромот
Яке аз фарозҳои хондании зиндагии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар солҳои нахустини таваллуд ва пеш аз даврони ғайбат, мўъҷизаҳо ва кароматҳое аст, ки ба василаи он ҳазрат анҷом гирифта аст ва маъмулан ин бахш аз ҳаёти он ояти бузурги илоҳӣ, мавриди ғафлат қарор гирифта аст. Мо танҳо як намуна аз онҳоро меоварем:
Иброҳим ибни Аҳмади Нишопурӣ мегўяд:
“Замоне, ки Амр ибни Авф (ки фармондеҳи золим буд ва ба куштани шиаён алоқаи фаровон дошт) қасди куштани маро кард, сахт тарсидам ва ваҳшат, тамоми вуҷудамро фаро гирифт. Пас бо хонадон ва дўстони худ Худо ҳофизӣ карда ва рў ба тарафи хонаи Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ кардам, то бо он ҳазрат низ видоъ кунам ва дар назар доштам, ки баъд аз он бигрезам. Вақте ба хонаи Имом саломуллоҳи алайҳ ворид шудам дар канори Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ писареро дидам, ки чеҳрааш монанди моҳи шаби чаҳордаҳум медурахшид ба гунае, ки аз симои нуронии ў ҳайрон шудам ва наздик буд он чиро, ки дар хотир доштам (яъне тарс аз кушта шудан ва тасмим ба гурезро) фаромўш кунам.
(Дар ин ҳангом он кўдак) ба ман гуфт: Эй Иброҳим, ниёзе ба гурехтан нест! Ба зудӣ Худои Мутаол шарри ўро аз ту дур хоҳад кард!
Ҳайратам бештар шуд, ба Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ гуфтам: Фидои шумо шавад! Ин писар кист, ки аз даруни ман хабар медиҳад?! Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: Ў фарзанд ва ҷонишини баъд аз ман аст ...
Иброҳим мегўяд: Берун омадам дар ҳоле, ки ба лутфи Худованд умедвор будам ва ба он чӣ аз Имоми дувоздаҳум ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ шунида будам, эътимод доштам. Чанд вақт баъд аз он амакам маро ба кушта шудани Амр ибни Авф башорат дод”.
Посухгўӣ ба саволҳо
Охирин ситораи дурахшони осмони имомат, дар ҳамон солҳои оғозини зиндагӣ ба саволҳои шиаён дар мавориди гуногуни ҷавобҳои маҳкам ва қонеъ кунанда медод ва дилгармӣ ва оромиши хотири онҳоро фароҳам мекард. Барои намуна ривоятеро мухтасар нақл мекунем:
Саъд ибни Абдуллоҳи қумӣ аз бузургони шиа ба ҳамроҳи Аҳмад ибни Исҳоқи қумӣ вакили Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ барои матраҳ кардани саволҳо ва дарёфти ҷавоби онҳо ба ҳузури Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ шарафёб мешавад. Ў достони ин дидорро ин гуна нақл мекунад:
“Вақте хостам савол кунам, Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ ба фарзандаш ишора карда фармуд: Аз нури чашмам савол кун!... Пурсидам: Мақсуд аз “Коф ҳо ё айн сод” (аз ҳуруфи муқаттааи Қуръон) чист? (Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) Фармуд: Ин ҳарфҳо аз хабарҳои ғайбӣ аст. Худованд бандаи (паёмбари) худ Закариё саломуллоҳи алайҳ-ро аз он огоҳ сохта ва сипас онро барои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам боз гуфта аст. Достон аз ин қарор аст, ки Закариё саломуллоҳи алайҳ аз Парвардигораш хост то номҳои панҷ тани Оли Або -ро ба ў биомўзад. Худованди Мутаол Ҷабраилро барои Ў фуруд фиристод ва он номҳоро ба Ў ёд дод. Закариё вақте номҳои муқаддаси Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Алӣ ва Фотима ва Ҳасан саломуллоҳи алайҳим-ро бар забон меовард андўҳ ва гирифторияш бартараф мешуд, вақте Ҳусайнро ёд мекард буғз гулўяшро мегирифт ва мабҳут мешуд. Рўзе гуфт: Худоё чаро вақте он чаҳор нафарро ёд мекунам аз андўҳҳо ва нигарониҳоям роҳат шуда дилам ором мегирад ва чун Ҳусайнро ба ёд меоварам, ашкам ҷорӣ ва нолаам баланд мешавад?! Худованд Ўро аз достони Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ огоҳ карда фармуд: “Коф Ҳо Ё Айн Сод” (рамзи ин достон аст). Коф рамзи Карбало ва Ҳо рамзи ҳалокати хонадони Ў ва “Ё” киноя аз номи Язид, ки зулмкунанда нисбат ба Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ аст, мебошад ва Айн ишора ба атшу ташнагии он ҳазрат дорад ва Сод нишонаи сабру истиқомати Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ аст ...
Гуфтам: Эй мавлои ман! Чаро мардум аз интихоби имом барои худ манъ шудаанд?
Фармуд: (Мақсади ту интихоб кардани) имоми ислоҳкунанда аст ё имоми фосидкунанда? Гуфта: Имоми муслеҳ, ки ҷомеаро ислоҳ кунад. Фармуд: Бо таваҷҷўҳ ба ин ки ҳеҷ касе аз даруни дигарӣ огоҳ нест, ки ба салоҳ ва дурустӣ меандешад ё ба табоҳӣ ва фасод, оё эҳтимол надорад, ки шахси интихоб кардаи мардум муфсид (ва аҳли табаҳкорӣ) бошад? Гуфтам: Оре, имкон дорад. Фармуд: Сабаб ҳамин аст. ва
Гуфтанӣ аст, ки дар идомаи ривоят, Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ сабабҳои дигареро низ баён фармудаанд ва ба саволҳои дигар низ ҷавоб додаанд, ки барои риояти ихтисор аз баёни онҳо худдорӣ кардем.
Дарёфти ҳадяҳои моддӣ
Яке аз барномаҳои шиаён фиристодани ҳадяҳои моддӣ ва воҷиботи молӣ барои имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим буда аст ва он бузургворон баъд аз пазируфтани онҳо ниёзҳои мўҳтоҷони ҷомеаро бар тараф мекарданд.
Ибни Исҳоқ яке аз вакилони Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ мегўяд: “Амволе аз шиаёнро ба маҳзари Имоми ёздаҳум саломуллоҳи алайҳ бурдам то ба он ҳазрат бидиҳам. Дар он ҳол фарзанди хурдсоли он ҳазрат бо чеҳрае, ки монанди моҳи комил медурахшид дар назди Имом саломуллоҳи алайҳ ҳузур дошт. Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ ба фарзанди худ рўй карда фармуд: Фарзандам ҳадяҳои шиаён ва дўстонатро бикшо! Кўдак фармуд: Эй мавлои ман! Оё равост, ки дасти поки худро ба ҳадяҳои нопоку амволи палиде, ки ҳалолу ҳароми он ба якдигар омехта шудааст дароз кунам?!
Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: Эй писари Исҳоқ он чӣ дар миёни ин аст берун овар, то ҳалолу ҳароми онро ҷудо кунад! Пас аввалин кисаро берун овардам. Кўдак гуфт: Ин киса аз фалон шахс аз фалон маҳаллаи шаҳри Қум аст (ва номи ў ва номи маҳаллаашро низ гуфт), ки дохили он шасту ду ашрафӣ аст. чиҳилу панҷ ашрафӣ аз он пули фурўши замини санглохе аст, ки соҳибаш онро аз падари худ ирс бурда аст ва чаҳордаҳ динори он пули нўҳ ҷома аст, ки фурўхта ва се динораш пули иҷораи дуконҳо аст.
Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: Фарзанди азизам! Рост гуфтӣ. Акнун ин мардро роҳнамоӣ кун, ки кадом як аз ин амвол ҳаром аст?! Кўдак бо диққати тамом сиккаҳои ҳаромро мушаххас кард ва сабаби ҳаром будани онҳоро ба равшанӣ баён намуд.
Сипас кисаи дигаре берун овардам. Он кўдак баъд аз баёни ному нишон ва маҳалли сукунати соҳиби он фармуд: Дар ин киса панҷоҳ ашрафӣ аст, ки даст задан ба онҳо барои мо раво нест, сипас сабаби нопокии онҳоро як ба як баён кард. Онгоҳ Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: Писарҷонам рост гуфтӣ! Сипас ба Аҳмад ибни Исҳоқ рў карда фармуд: Ҳамаро ба соҳибаш бар гардон ё сафориш кун, ки онҳоро ба соҳибонаш бирасонанд ва моро ниёзе ба он нест ...
Намоз бар ҷанозаи падар
Охирин фароз аз зиндагонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар даврони пинҳонӣ ва пеш аз оғози ғайбат, намоз хондани он ҳазрат ба ҷанозаи поки падари бузургвораш аст.
Абўладён хизматгузори Имоми ёздаҳум саломуллоҳи алайҳ дар ин бора мегўяд:
“Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ дар охирин рўзҳои умри шарифи худ номаҳоеро ба ман дод ва фармуд: Инҳоро ба шаҳри Мадоин бирасон, баъд аз понздаҳ рўз ба Сомирро боз хоҳӣ гашт ва аз хонаи ман нолаву фиғон хоҳӣ шунид ва бадани маро дар маҳалли ғусл хоҳӣ дид. Гуфтам: Эй сарвари ман! Вақте чунин шавад имом ва ҷонишини шумо кӣ хоҳад буд? Фармуд: Ҳар касе, ки ҷавоби номаҳои маро аз ту бихоҳад имоми баъд аз ман хоҳад буд. Гуфтам: Нишонаи дигаре бифармоед! Фармуд: Касе, ки бар ман намоз бихонад имоми баъд аз ман хоҳад буд. Гуфтам: Нишонаи дигаре бифармоед! Фармуд: Касе, ки аз он чӣ дар киса аст хабар диҳад имоми баъд аз ман хоҳад буд. Вале ҳайбату шукўҳи Имом монеъ аз ин шуд, ки бипурсам, ки дар он киса чӣ чиз хоҳад буд.
Номаҳоро ба Мадоин бурдам ва ҷавоби онҳоро гирифтам ва ҳамон гуна, ки Имом фармуда буд рўзи понздаҳум вориди Сомирро шудам ва дар он ҳол фарёди нолаву фиғонро аз манзили он ҳазрат шунидам ва бадани он ҳазратро дар маҳалли ғусл ёфтам. Дар он ҳол Ҷаъфар бародари он ҳазратро дидам, ки бар дари хонаи Имом саломуллоҳи алайҳ истода аст ва ҷамъе аз шиаён ўро (дар марги бародар) таслият ва (бар имомат) табрик мегуфтанд!! Бо худ гуфтам: Агар ин (Ҷаъфар) имом бошад, имомат табоҳ мешавад, чун ўро мешинохтам, ки аҳли шароб ва қиморбозӣ ва торзанӣ аст (вале чун дар паи нишонаҳо будам) пас, рафтам ва монанди дигарон табрик ва таслият гуфтам, вале ў дар бораи ҳеҷ чизе (аз ҷумла ҷавоби номаҳо) аз ман саволе накард. Дар он ҳол Ақид (яке аз хизматгузорон аз хона) берун омад ва хитоб ба Ҷаъфар гуфт: Эй сарвари ман бародарат (Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ) кафан шуда аст бархез ва бар ў намоз бихон!! Ман ба ҳамроҳи Ҷаъфар ва ҷамъе аз шиаён дихили хона шудам ва Имоми ёздаҳумро кафаншуда бар тобут дидам. Ҷаъфар пеш рафт, то бар бародараш намоз бигзорад, вале вақте хост такбир бигўяд кўдаке гандумгун бо гесувони муҷаъад ва дандонҳои пайваста берун омад ва либоси Ҷафарро гирифту гуфт: Эй амак ақаб бирав, ки ман ба намоз гузоштан бар падарам сазовортарам! Пас Ҷаъфар бо чеҳраи ранг парида ва зард ба ақаб рафт. Он кўдак пеш омад ва бар бадани Имом саломуллоҳи алайҳ намоз хонд, пас аз он ба ман фармуд: Ҷавоби номаҳоеро, ки ҳамроҳ дорӣ ба ман бидеҳ! Номаҳоро ба ў додам ва ба худ гуфтам: Ин ду нишона (аз нишонаҳои имомати ин кўдак аст) ва достони киса боқӣ мондааст. Ба назди Ҷаъфар рафтам ва ўро дидам, ки оҳ мекашид. Яке аз шиаён аз ў пурсид, ки ин кўдак кист? Ҷаъфар гуфт: Ба Худо савганд ҳаргиз Ўро надида ва намешиносам.
Абўладён идома медиҳад: Мо нишаста будем, ки гурўҳе аз аҳли Қум омаданд ва суроғи Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ-ро гирифтанд ва чун аз шаҳодати он ҳазрат бо хабар шуданд гуфтанд: Ба чӣ касе таслият бигўем? Мардум ба Ҷаъфар ишора карданд. Онҳо ба Ў салом карданд ва таслияту табрик гуфтанд. Сипас хитоб ба Ҷаъфар гуфтанд: Ҳамроҳи мо номаҳо ва амволе аст, бигў номаҳо аз кист? Ва амвол чӣ қадар аст?!
Ҷаъфар барошуфт ва аз ҷой бархесту гуфт: Оё аз мо илми ғайб мехоҳед?! Дар ин ҳол хизматгузор аз даруни хона берун омад ва гуфт: Номаҳои фалонӣ ва фалонӣ ҳамроҳи шумост (ва номаҳо ва нишонаҳои соҳибони номаҳоро гуфт) ва низ кисае бо шумост, ки дар он ҳазор динор аст, ки нақши даҳ динори он пок ва маҳв шуда аст! Онҳо номаҳо ва амволро ба ў доданд ва гуфтанд: Он касе, ки туро барои гирифтани ин номаҳо ва амвол фиристода ў имом аст ...
https://ayandehroshan.ir/vdcbu9bsprhba.iur.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما