Гуфтем, ки интизор, амри фитрӣ аст ва барои ҳамагон дар ҳар қавм ва дину оине, ки бошанд вуҷуд дорад, аммо интизорҳои маъмулӣ, ки дар ҷараёни зиндагии афрод ҳатто ҷомеаҳо вуҷуд дорад ҳар андоза бузург ва бо аҳамият бошад дар муқоиса бо Мавъуди ҷаҳонӣ, кўчаку бе миқдор аст, чун ки интизори зуҳури он ҳазрат вижагиҳои хосси худро дорад:Интизори Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ интизоре аст, ки аз оғози олам сар шуда аст яъне аз замонҳои бисёр дур, анбиё ва авлиё башорати ҳузури он ҳазратро додаанд ва дар замонҳои наздиктар ҳамаи имомони мо орзуи рўзгори давлати ўро доштаанд.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:“Агар Ўро дарк мекардам тамоми умр ба Ў хизмат мекардам.” Интизори Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ интизори ислоҳкунандаи ҷаҳон аст. интизори ҳукумати адли ҷаҳонӣ аст ва интизори таҳаққуқи ҳамаи хубиҳо аст. Дар ин интизор башарият чашм ба роҳ аст, то он чиро бар ассоси фитрати поки Худоӣ дар орзуи он буда ва ҳеҷ гоҳ ба сурати комил ба он даст наёфта, онро бубинад ва Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳамон аст, ки адолат ва маънавият, бародарӣ ва баробарӣ, ободии замин ва амният ва сулҳу замони шукўфоии ақлу дониши башариро ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва барчидани бисоти истеъмор ва бардагии инсонҳо ва нобудии ҳар гуна зулму ситамгарӣ ва наҷоти ҷомеа аз ҳар гуна фасодҳои ахлоқӣ, раҳоварди ҳокимияти он ҳазрат мебошад.Интизори Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ интизоре мебошад, ки танҳо бо фароҳам шудани заминаҳои шукўфоии он, хоҳад шукуфт ва он замоне аст, ки ҳамаи инсонҳо дар талаби мунҷӣ ва муслиҳи охируз замон бошанд. Ў меояд, то бо ҳамкориву ҳамёрии ёронаш бар зидди бадиҳо қиём кунад на ин ки танҳо бо мўъҷиза кори ҷаҳонро сомон диҳад.Интизори Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар мунтазиронаш шавқи ёрӣ ва ҳамроҳӣ бо ўро ба вуҷуд меоварад ва ба инсон шахсият ва ҳаёт мебахшад ва ўро аз пўчӣ ва беҳадафӣ наҷот медиҳад.Он чӣ гуфта шуд бахше аз вижагиҳои он интизоре аст, ки ба андозаи ҳамаи таърих аст ва реша дар ҷони ҳамаи инсонҳо дорад ва ҳеҷ интизори дигаре ба хоки пои ин интизори бузург намеарзад. Бинобар ин, ҷо дорад, ки осору намунаҳои фаровони интизори Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро бишносем ва дар бораи вазифаҳои мунтазирони зуҳури он ҳазрат ва подоши бе назири онҳо сухан бигўем.Абъоду намунаҳои интизор Инсон аз ҷиҳоту заминаҳои мухталиф дорои намунаҳои гуногун аст: Аз тарафе аз бўъди назарӣ ва амалӣ бархўрдор аст ва аз сўи дигар дорои бўъди фардӣ ва иҷтимоӣ аст. Ва аз ҷиҳати дигар дар канори бўъди ҷисмӣ, бўъди рўҳӣ ва равонӣ дорад. Бе шак дар ҳамаи ин абъоду намунаҳои ёд шуда ниёз ба чорчўби машаххасе аст, то дар қолиби он роҳи саҳеҳи зиндагӣ боз шавад ва роҳҳои гумроҳӣ ба рўи одамӣ баста шавад. Ва он роҳи дуруст ҳамон роҳи интизор аст.Интизори Мавъуди ҷаҳонӣ (касе, ки омадани ў аз ҷониби Худованд ба оламиён ваъда шуда) дар ҳамаи абъоду намунаҳои зиндагии шахсии мунтазир таъсир мегузорад. Дар бўъди фикрӣ ва назарӣ, ки зербинои аъмолу рафтори инсон аст, боварҳои асосии ҳаёти одамиро дар ҳисори худ ҳифз мекунад. Ба баёни дигар, интизори саҳеҳ металабад, ки мунтазир биноҳои эътиқодӣ ва фикрии худро тақвият кунад, то бар доми мактабҳои гумроҳ гирифтор нашавад ва ё ба хотири тўлонӣ шудани давраи ғайбати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ба чоҳи ноумедӣ суқут накунад.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд: “Рўзгоре бар мардум хоҳад омад, ки имоми онҳо ғоиб хоҳад шуд, пас хушо ба ҳоли касоне, ки дар он замон бар амри (вилояти) мо собит ва устувор бимонанд.” Яъне дар давраи ғайбат, ки душманон бо шубҳаҳои гуногун мекўшанд, то эътиқодоти дурусти шиаёнро аз байн бубаранд ба баракати қарор гирифтан дар сангари интизор, марзҳои ақидатӣ ҳифз мешавад.Дар бўъди амалӣ, интизор ба ҳамаи амалҳо ва рафтори инсон ҷиҳат медиҳад. Мунтазир бояд дар майдони амал бикўшад, то заминаҳои зуҳури давлати ҳақ фароҳам гардад. Бинобар ин мунтазир дар ин бахш ҳам ба сохтани худ ва ҳам ба сомон додани ҷомеа ҳиммат мегузорад. Дар бўъди фардӣ, ҳам ба ҳаёти рўҳӣ ва равонии худ ва касби фазилатҳои ахлоқӣ рўй меоварад ва ҳам ба тақвияти ҷанбаи ҷисмӣ ва баданӣ мепардозад, то нерўи коромаде барои лашкари нур бошад.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Касе, ки дўст дорад аз ёрони Қоим саломуллоҳи алайҳ бошад, пас мунтазир бошад ва дар ҳоли интизор парҳезгорӣ пеша кунад ва ба ахлоқи некў ороста гардад...” Вижагии интизор он аст, ки одамиро аз маҳдудаи худ болотар мебарад ва ўро бо яко яки афроди ҷомеа муртабит месозад. Яъне интизор на танҳо дар зиндагии фардии шахси мунтазир таъсир дорад, ки дар майдони робитаи шахс бо ҷомеа низ тарҳу барнома дорад ва ўро бар таъсиргузории мусбат дар ҷомеа вомедорад. Ва аз он ҷо, ки шарти зуҳури давлати ҳақ омодагии ҷамъӣ аст, ҳар кас ба андозаи тавони худ ба ислоҳи ҷомеа мекўшад ва дар баробари каҷравиҳои иҷтимоӣ бе тафовут ва сокит намемонад, чун ки мунтазири муслиҳи ҷаҳонӣ дар андеша ва амал роҳи салоҳ ва ростиро тай мекунад.Кўтоҳ сухан ин ки “Интизор” ҷараёни мубораке аст, ки дар тамоми мўи рагҳои ҳаёти шахс ва иҷтимои шахси мунтазир ҷорӣ аст ва дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ ранги илоҳӣ ба инсон ва ҳаёти ў мебахшад ва чӣ ранге аз ранги илоҳӣ беҳтар ва мондагортар аст?!Қаръони Карим мефармояд:"...صبغة الله و من احسن من الله صبغة..."“Ранги илоҳӣ (бигиред) ва чӣ чиз аз ранги илоҳӣ доштан некўтар аст.” Бо таваҷҷўҳ ба он чӣ гузашт вазифаҳои мунтазирони Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ чизе ҷуз ҳамон “ранги Худоӣ доштан” нест, ки ба баракати интизор дар ҷой-ҷои зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии онҳо ҷилвагар мешавад. Ва бо ин нигоҳ дигар он вазифаҳо бар дўши мо –мунтазирон- вазнинӣ нахоҳад дошт, балки ба унвони ҷараёни ширине, ки ба ҳамаи ҷиҳот ва заминаҳои зиндагии мо маъно ва мафҳуми зебо бахшида аст, ба ҳисоб меояд. Ба ростӣ агар фармонравои меҳрубоне ва амири корвони меҳрварзе туро ба унвони сарбозии шоиста барои хаймаи имон хоста бошад ва ҳузури туро дар лашкари ҳақ, интизор монад чӣ гуна хоҳӣ буд? Оё бояд бар ту таклифҳоеро бор кунанд, ки чунин ва чунон бош ва ин кор ва он корро анҷом деҳ ё ту худ роҳи интизорро шинохтаӣ ва барои ҳамон мақсаде, ки интихоб кардаӣ, гом хоҳӣ бардошт?!Вазифаҳои мунтазиронوظائف منتظران Дар ривоёт ва баёноти пешвоёни дин вазифаҳои фаровоне барои мунтазирони зуҳур баён гардида аст, ки дар ин ҷо муҳимтарини онҳоро баён мекунем.Шинохти имом Паймудани роҳи интизор бе шинохтани Имоми Мунтазар мумкин нест. Истиқомат ва пойдорӣ дар водии интизор вобаста ба дарки саҳеҳ аз пешвои Мавъуд аст. бинобар ин илова бар шинохти Имом бо исму насаб лозим аст нисбат ба ҷойгоҳи Имом ва рутбаву мақоми он ҳазрат низ огоҳии кофӣ ба даст оварад.“Абўбасир, ки аз хизматгузорони Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ аст. Ў пеш аз ғайбати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ба маҳзари он ҳазрат мерасад. Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз ў мепурсад: Оё маро мешиносӣ? Ҷавоб медиҳад: Оре, шумо сарвари ман ва фарзанди сарвари ман ҳастед! Имом саломуллоҳи алайҳ мефармояд: Мақсади ман чунин шинохте набуд!? Абўбасир мегўяд: (Мақсади шумо чист) Худатон бифармоед. Имом саломуллоҳи алайҳ мефармояд:“Ман охирин ҷонишини Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастам ва Худованд ба баракати ман балоро аз хонадон ва шиаёнам дур мекунад.” Агар шинохту маърифати Имом саломуллоҳи алайҳ барои мутазире ҳосил шавад, Ў аз ҳам акнун худро дар лашкари Имом мебинад ва эҳсос мекунад, ки дар хаймаи Имом ва канори он ҳазрат қарор гирифта аст. Бинобар ин лаҳзае аз кўшиш барои тақвияти ҷабҳаи имоми худ кўтоҳӣ намекунад.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:"...من مات وهو عارف لامامه لم يضرّه تقدم هذا الامر أو تأخّر و من مات و هو عارف لامامه كان كمن هو مع القائم في فاسطاطه".“Касе, ки бимирад дар ҳоле, ки имоми худро шинохта бошад пеш афтодан ва ё ақаб афтодани амр (зуҳур) ба Ў зиён намерасонад ва касе, ки бимирад ва ҳол он ки имоми худро шинохта бошад монанди касе аст, ки дар хаймаи имом ҳамроҳи Ў будааст.” Гуфтани аст, ки ин маърифат ва шинохт чунон муҳим аст, ки дар каломи маъсумин саломуллоҳи алайҳим омада аст, ки барои ба даст овардани он, лозим аст аз Худованди Мутаол талаби ёрӣ шавад.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:“...Дар замони ғайбати тўлонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ пайравони роҳи ботил (дар эътиқод ва дини худ) ба шакку тардид гирифтор мешаванд. Зурора аз ёрони хосси Имом саломуллоҳи алайҳ гуфт: Агар он замонро шоҳид будам чӣ амале анҷом диҳам?Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд: ...Ин дуоро бихон:"اللهم عرفني نفسك فانك ان لم تُعَرِّفني نفسك لم اعرف نبيك اللهم عرفني رسولك فانك ان لم تعرفني رسولك لم اعرف حجتك اللهم عرفني حجتك فانك ان لم تعرفني حجتك ضللت عن ديني".Он чӣ то кунун матраҳ шуд маърифати нисбат ба ҷойгоҳи имом дар маҷмўаи низоми ҳастӣ аст. Ў ҳуҷҷати Парвардигор ва ҷонишини бар ҳаққи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва пешвои ҳамаи мардум, ки итоат аз ў ба ҳамагон воҷиб аст, чун ки итоат аз ў ҳамон итоат аз Худост.Яке дигар аз абъоду намунаҳои маърифати Имом шинохтани сира ва сифоти Имом аст ва ин бўъд аз шинохт, таъсири амалии густардае дар рафтору хулқу хўи мунтазир мегузорад ва бадиҳӣ аст, ки ҳар андоза маърифату шинохти инсон ба завоё ва сифоту ҷойгоҳи гуногуни имом ва ҳуҷҷати илоҳӣ бештар ва амиқтар бошад, осори он дар бахшҳои гуногуни зиндагии ў бештар хоҳад буд.Улгупазирӣ Вақте маърифат ба Имом ва ҷилваҳои зебои рафтории он бузургвор ба даст омад сухан аз пайравӣ ва улгу гирифтан аз он мазҳари камолот ба миён меоядПаёмбар гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:“Хубо ба ҳоли касе, ки Қоими хонадони маро дарк кунад дар ҳоле, ки пеш аз даврони қиём ба Ў ва имомони қабл аз Ў иқтидо карда ва аз душманони онҳо эълони безорӣ карда бошад. Онҳо дўстону ҳамроҳони ман ва гиромитарини уммати ман назди ман ҳастанд.” Ба ростӣ он касе, ки дар тақво, ибодат, содазистӣ, саховат, сабр ва ҳамаи фазилатҳои ахлоқӣ, пайрави имом ва муроди худ аст чӣ рутбаи баланде дар назди он раҳбари илоҳӣ хоҳад дошт ва онгоҳ, ки ба ҳузури муқаддасаш ҳозир шавад чӣ сарбанд ва сарафроз хоҳад буд?!Оё ҷуз ин аст, ки мунтазире, ки дар талаби зеботарин падидаи олам аст худро ба хубиҳо меорояд ва аз зиштиҳо ва разилатҳои ахлоқӣ дурӣ мекунад ва дар роҳи интизор ҳамеша муроқиби афкору аъмоли худ аст?! Вагарна афтодан ба доми бадиҳо рафта рафта фосилаи Ў ва маъшуқи хубонро зиёдтар хоҳад кард ва ин ҳақиқате аст, ки дар баёни ҳушдордиҳандаи он Имоми Мавъуд омада аст:"فما يحبسنا عنهم الا ما يتصل بنا مما نُكرِهه و لا نُؤثره منهم".“Ҳеҷ чиз моро аз шиаён ҷудо накарда аст, магар он чӣ аз корҳои онҳо, ки ба мо мерасад. Амалҳое, ки хушоянди мо нест ва аз шиаён интизори онро надорем.” Ниҳояти интизори мунтазирон ин аст, ки дар барпоии давлати Маҳдавӣ ва ҳукумати адли ҷаҳонӣ, саҳме дошта бошанд ва ифтихори ёварӣ ва ҳамроҳии охирин ҳуҷҷати Худоро ба даст оваранд, вале магар расидан ба чунин саодати бузурге ҷуз бо худсозӣ ва оростагии ахлоқӣ муяссар аст?!Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:"من سرَّه ان يكن من أصحاب القائم فلينتظر و ليعمل بالورع و محاسن الاخلاق و هو منتظر".“Ҳар кас дўст дорад аз ёрони ҳазрати Қоим саломуллоҳи алайҳ бошад, бояд мунтазир бошад ва дар ҳоли интизор ба парҳезгорӣ ва рафтори некў рафтор кунад.” Равшан аст, ки дар роҳи таҳаққуқи чунин хостае ҳеҷ улгу ва намунае бартар аз он Имоми бузургвор, ки оинаи тамоми зебоиҳост пайдо намешавад.Ёди Имом Он чӣ мунтазиронро дар касби маърифати Имом ва пайравӣ аз он бузургвор ёрӣ медиҳад ва пойдорӣ дар роҳи интизорро дар пай дорад, пайвастагӣ ва робитаи бо давом бо он табиби ҷонҳост.Ба ростӣ вақте он имоми меҳрубони уммат, ҳамеша ва ҳамаҷониба ба ҳоли шиаёни худ назар дорад ва лаҳзае онҳоро аз ёд намебарад, оё равост, ки дилдодагони рўҳи Ў ба дунё ва тааллуқоти он саргарм шаванд ва аз он азиз ғофил ва бе хабар бимонанд? Ё роҳу расми дўстӣ ва муҳаббат он аст, ки дар ҳама ҳол Ўро бар худ ва дигарон муқаддам бидоранд. Вақте ба саҷҷодаи дуо менишинанд аз Ў оғоз намоянд ва барои саломатӣ ва зуҳури он ҳазрат дуо кунанд, ки он бузургвор худ фармуд:“Барои таъҷили фараҷ бисёр дуо кунед, ки фараҷу кушоиши шумо дар ҳамон аст.” (Санади ин ҳадис ҳасан (хуб) мебошад). Ва ҳамеша бояд замзама кунанд:"اللهم كن لوبيك الحجة ابن الحسن صلواتك عليه وعلى آبائه في هذه الساعة وفي كل ساعة وليا و هافظا و قائدا و ناصرا و دليلا وعينا حتى تسكنه ارضك طوعا وتمتِّعه فيها طويلا".“Худоё барои валии худ ҳуҷҷат ибнил Ҳасан, ки дуруди ту бар Ў ва аҷдодаш бод дар ин соат ва дар ҳамаи соатҳо сарпарасту нигаҳбон ва раҳбару ёвар ва раҳнамо ва дидабонаш бош, то (он замон, ки) Ўро дар замини худ бо майлу рағбат ҷой диҳӣ ва барои муддати тўлонӣ Ўро дар замин баҳраманд созӣ.” Мунтазири ҳақиқӣ дар ҳангоми садақа додан аввал саломатии вуҷуди шарифи имоми худро дар назар мегирад ва ба ҳар баҳона дасти тавассул ба домани пур меҳри Ў мезанад ва ба иштиёқи зуҳури мубораки Ў ва дидани ҷамоли бе мисолаш нола сар медиҳад."عزيز عليَّ أن أرى الخلق ولا ترى".“Сахт аст бар ман, ки ҳамаро мебинам вале ту дида намешавӣ.” Раҳрави роҳи интизор дар маҳофиле, ки ба номи он маҳбуби дилҳо ташкил мешавад ҳозир мешавад, то решаҳои муҳаббати Ўро дар дили худ маҳкамтар кунад ва ба маконҳое монанди масҷиди Саҳла ва масҷиди Ҷамкарон ва сардоби муқаддас, ки мансуб ба Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аст рафту омад мекунад.Ва аз зеботарин ҷилваҳои ёди Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар зиндагии мунтазирони зуҳураш он аст, ки ҳар рўз бо он ҳазрат таҷдиди аҳд карда ва паймони вафодорӣ бубандад ва устувории худро бар он аҳд эълон кунад.Дар фарозе аз дуои аҳд чунин мехонем:"اللهم اني اجدد له في صبيحة يومي هذا و ما عشتُ من ايّامي عهدا و عقدا و بيعة له في عنقي لا احول عنها و لا ازول ابدا اللهم اجعلني من انصاره و اعوانه و الذابين عنه و المسارعين اليه في قضاء حوائجه و الممتثلين لاَوامره و المحامين عنه و السابقين الى ارادته و المستشهدين بين يديه". “Бор Худоё ман дар бомдоди ин рўз ва дар тамоми зиндагӣ аҳду паймон ва байъатеро, ки аз он ҳазрат бар гардан дорам бо Ў нав мекунам, ки ҳаргиз аз он паймон ва байъатам барнагардам ва бар он пойдор бимонам. Бор Худоё маро аз ёрону кўмак корони он ҳазрат ва ҳомиён аз ҳарими муқаддаси Ў ва шитобкунандагон ба сўи Ў барои анҷоми хостаҳояш ва итоат кунандагон аз дастуроташ ва ҳимоят кунандагон аз вуҷуди шарифаш ва пешӣ гирандагон ба сўи хостааш ва шаҳидон дар рикоби ҳазраташ қарор бидеҳ.” Агар касе ҳамеша ин аҳдро бихонад ва аз ишқу ҷон ба мазомини он пойбанд бошад, ҳаргиз ба сустӣ гирифтор намешавад ва дар таҳаққуқи ҳадафҳои имоми худ ва заминасозӣ барои зуҳури он бузургвор лаҳзае аз пой наменишинад. Ва ба ростӣ, ки шоистаи ҳузур дар майдони ёрии он захираи илоҳӣ хоҳад буд.Имоми Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Ҳар кас 40 бомдод Худоро бо ин аҳд бихонад аз ёрони Қоими мо хоҳад буд. Ва агар пеш аз зуҳури он ҳазрат бимирад, Худованд ўро аз қабраш берун оварад (ва Қоимро ёрӣ диҳад)... Ваҳдат ва ҳамдилӣ Аз вазифаҳои яко яки афроди интизор, ки бигзарем, ҷамъияти мунтазирон низ бояд тарҳу барномаҳое дошта бошанд, ки дар ростои ҳадафҳои имом ва ҳуҷҷати илоҳӣ бошад. Ба баёни дигар иҷтимои мунтазир лозим аст, ки талошу ҳаракати худро дар роҳи ризояти раҳбари Мавъуд қарор диҳад.Бинобар ин, ҷомеаи мунтазир бар он аст, ки аҳду паймони худ бо имомро ба анҷом расонад, то заминаи муносиб барои зуҳури давлати Маҳдавӣ фароҳам шавад.Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ дар яке аз баёноти худ ба чунин ҷамъияте ин гуна башорат дода аст:“Агар шиаёни мо –ки Худо онҳоро дар роҳи итоаташ ёрӣ диҳад- дар вафои паймоне, ки аз онҳо гирифта шуда якдил ва мусаммам бошанд, албатта неъмати дидор аз онҳо ба ақаб намеафтад ва саодати мулоқоти мо барои онҳо бо маърифати комил ва ростин нисбат ба мо, зудтар муяссар мегардад.” Ва он аҳду паймон ҳамон аст, ки дар китоби Худо ва суханони намояндагони Худо омада аст, ки муҳимтарини онҳоро баён мекунем:1-Талош дар роҳи пайравӣ аз имомон ва дўстӣ бо дустони онҳо ва безорӣ ҷустан аз душманони онҳо.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ Аз Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят карда, ки фармуд:“Хушо ба ҳоли касе, ки Қоими хонадони маро дарк кунад дар ҳоле, ки пеш аз қиём, аз ў пайравӣ карда бошад. Бо дўстони ў дўстӣ ва бо душманони ў душманӣ карда бошад. Онҳо рафиқони ман ва аҳли дўстӣ ва муҳаббати ман ва гиромитарини уммати ман назди ман дар рўзи қиёмат ҳастанд.” 2-Ҷамъияти мунтазирон дар муқобили бидъатҳо ва гумроҳиҳо дар дин ва ривоҷи мункирот ва зиштиҳо дар ҷомеа бе тафовут нестанд ва низ дар баробари фаромўш шудани суннатҳои некў ва арзишҳои ахлоқӣ аз худ вокуниш ва мухолифат нишон медиҳанд.Аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шуда, ки фармуд:“Албатта дар поёни ин уммат (давраи охируз замон) гурўҳе хоҳанд буд, ки подоши онҳо ҳамонанди аҷри уммати аввали исломӣ хоҳад буд. Онҳо амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд ва бо аҳли фитна ва фасод меҷанганд.” 3-Ҷомеаи мунтазир дар бархўрд бо дигарон вазифа дорад, ки кўмак ва ҳамкории худро сар фасли барномаҳои худ қарор диҳад. Ва афроди ин ҷомеа ба дур аз танг назарӣ ва худ меҳварӣ, ҳамеша ҳоли фуқаро ва ниёзмандони ҷомеаро пайгирӣ мекунанд ва аз онҳо бе хабар намемонанд. Гурўҳе аз шиаён аз Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ дархости насиҳат карданд, ҳазрат фармуд:“Аз миёни шумо он касе, ки нерўманд аст ба шахси заиф ва нотавон кўмак кунад ва касе, ки бе ниёз аст ба ниёзмандон меҳрубонӣ варзад ва ҳар як аз шумо нисбат ба дигарӣ хайрхоҳӣ кунад.” Гуфтанӣ аст, ки доираи ин ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ маҳдуд ба муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунанд нест, балки хайру некии мунтазирон ва муҳитҳои дуртар ва ниёзмандони шаҳрҳои дигар низ мерасад, чун ки дар сояи рўҳи интизор ҳеҷ ҷудоӣ ва дугонагӣ байни афрод эҳсос намешавад.4-Афроде, ки ҷузви ҷомеаи мунтазир ҳастанд, бояд ҷомеаро рангу бўи Маҳдавӣ бахшанд ва ному ёди Имомро дар ҳамаи арсаҳо баланд кунанд ва гуфтору кирдори Имомро ба унвони саромади ҳамаи суханон ва равишҳо ба намоиши умумӣ бигзоранд ва дар ин роҳ бо ҳамаи вуҷуд бикўшанд, ки бе шак мавриди инояту лутфи махсуси имомон хоҳанд буд.Абдулҳамиди Воситӣ аз ёрони Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ ба он ҳазрат мегўяд: “Мо дар интизори амри фараҷ ҳамаи зиндагии худро вақф кардем ба гунае, ки барои баъзе аз мо мушкилотеро ба ҳамроҳ дошта аст!Имом саломуллоҳи алайҳ дар ҷавоби ў мефармояд:“Эй Абдулҳамид, оё гумон мекунӣ, ки Худованд роҳи раҳоӣ (аз мушкилот)-ро барои он бандае, ки худро вақфи Худо карда бошад қарор надода аст?! Оре, ба Худо савганд Худованд барои ў роҳи чорае қарор хоҳад дод. Худованд раҳмат кунад бандаеро, ки амри (вилояти) моро зинда дорад.” Сухани охир ин ки ҷомеаи мунтазир бояд бикўшанд, ки дар ҳамаи абъоду намунаҳои зиндагии иҷтимоӣ улгуи дигар иҷтимоот бошанд ва ҳамаи заминаҳои лозим барои зуҳури мунҷии Мавъудро фароҳам кунанд.Осори интизор Баъзеҳо гумон кардаанд, ки интизори муслиҳи ҷаҳонӣ, афродро дар ҳоли сукут ва бе тафовутӣ қарор медиҳад ва касоне, ки мунтазиранд то ислоҳгари ҷаҳонӣ қиём накунад ва фасоду табоҳиро аз байн набарад, худ дар муқобили бадиҳо ва палидиҳо вокуниш ва мухолифат нишон нахоҳанд дод, балки сокит ва бе тафовут, даст рўи даст хоҳанд гузошт ва тамошогари ҷиноятҳо хоҳанд буд.!!Вале ин дидгоҳ як дидгоҳи сатҳӣ ва дур аз андеша ва диққат аст. Чун бо таваҷҷўҳ ба он чӣ дар ҳақиқати интизори Имоми Мавъуд ва вижагиҳои он ҳазрат ва низ абъоди интизор ва вижагиҳои мунтазирон матраҳ шуд равшан аст, ки рўҳияи интизор он ҳам бо вижагиҳое, ки махсуси ўст ва ҷойгоҳи бе назири Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ на танҳо сукут ва сардиро дар пай надорад, балки беҳтарин сабаби ҳаракат ва шукўфоӣ аст.Интизор дар шахси мунтазир ғавғои муборак ва ҳаракати ҳадафдоре падид меоварад ва ҳар чӣ мунтазир ба ҳақиқати интизор наздиктар шавад суръати ҳаракати ў ба сўи мақсад бештар хоҳад шуд. Дар сояи интизор одамӣ аз худмеҳварӣ (худхоҳӣ) раҳоӣ меёбад ва худро ҷузве аз ҷомеаи исломӣ мебинад, бинобар ин саъй мекунад, то ҷомеаро дар ҳадди тавони худ ба салоҳ ва дурустӣ наздик кунад ва вақте ҷомеа аз унсурҳои ин чунин бо ҳувият ташкил шавад дар ҳар ҷиҳат тарвиҷи фазилатҳо ба вуҷуд меояд ва ҳаракати умумӣ ба тарафи барпоии хубиҳо шакл мегирад ва дар чунин муҳите, ки муҳити салоҳ ва созандагӣ ва фазои умедбахшӣ ва нишот ва майдони кўшишу ҳамёрӣ ва ҳамкорӣ аст, заминаи рушди боварҳои динӣ ва биниши амиқи Маҳдавӣ дар афроди ҷомеа ба вуҷуд меояд ва мунтазирон, ки ба баракати интизор дар фасоди муҳит ҳал нашудаанд, балки ҳувияти динӣ ва марзҳои эътиқодии худро ҳифз кардаанд дар баробари сахтиҳо ва мушкилоти даврони интизор бурдборӣ мекунанд ва ба умеди таҳаққуқи ваъдаи ҳатмии илоҳӣ, балоҳоро ба ҷон мехаранд ва лаҳзае гирифтори сустӣ ва ё ноумедӣ намешаванд.Ростӣ кадом мактаб ва мазҳаберо мешиносед, ки барои пайравони худ чунин роҳи равшанеро намоёнда бошад?! Роҳе, ки бо ангезаи илоҳӣ паймуда мешавад ва дар ниҳоят подоши хеле бузургро ба даст меоварад.Подоши мунтазирон Хушо ба ҳоли касоне, ки ба роҳи хубиҳо нишастаанд! Чӣ қадар бузург аст подоши он касоне, ки ба интизори Мавъуди ҷаҳонӣ рўзгор мегузаронанд ва чӣ қадар шукўҳманд аст рутба ва мақоми он касоне, ки мутазири ҳақиқии Қоими Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд! Ба ҷост, ки дар бахши поёнӣ аз фасли интизор аз фазилат ва дараҷаи бе назири мунтазирон сухан бигўем ва намунаҳое аз калимоти пешвоёни динро биёварем.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Хушо ба ҳоли шиаёни Қоими мо (Аҳли Байт), онҳое, ки дар даврони ғайбати Ў зуҳурашро интизор доранд ва дар рўзҳои зуҳураш сар ба фармони Ў мегузоранд. Онҳо дўстони Худоянд, ки ҳеҷ тарс ва ғаме барои онҳо нахоҳаб буд.” Ва чӣ ифтихоре аз ин бартар, ки медали дўстии Парвардигорро бар сина доранд. Ва чаро бояд гирифтори ғаму андўҳ шаванд ва ҳол он ки зиндагӣ ва марги онҳо арзиши қиматбаҳое пайдо карда аст.Имом Саҷҷод саломуллоҳи алайҳ мефармояд:“Касе, ки дар замони ғайбати Қоими мо бар вилояти мо устувор бошад Худованд савоб ҳазор шаҳид аз шуҳадои ҷанги Бадру Уҳудро ба Ў хоҳад дод.” (Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад).Оре, он касоне, ки дар даврони ғайбат бар вилояти имоми замони худ боқӣ бимонанд ва аҳду паймони худ бо он бузургворро устувор бидоранд монанди размандагоне ҳастанд, ки дар рикоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ҷиҳод бо душманони Худо пардохта ва дар он саҳна ба хуни худ ғалтида ва ба шаҳодат расидаанд.Мунтазироне, ки ҷон бар каф ба интизори ёрии фарзанди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам истодаанд аз ҳам акнун дар хаймаи ҷанг ва дар канори амири лашкари ҳақ Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ҳастанд.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Агар касе аз шумо бимирад дар ҳоле, ки мунтазири амр (зуҳури Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) бошад ҳамонанди касе аст, ки дар канори Қоим саломуллоҳи алайҳ дар хаймааш буда аст! Сипас андаке истод ва баъд фармуд: На, балки монанди касе аст, ки дар канори он ҳазрат ҷангида ва шамшер зада аст! Сипас фармуд: На ба Худо савганд, балки монанди касе аст, ки дар канори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба шаҳодат расида бошад.” Ин гурўҳ ҳамон касоне ҳастанд, ки қарнҳо пеш Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онҳоро бародарон ва рафиқони худ хонда аст ва дўстӣ ва маваддати қалбии худро нисбат ба онҳо эълон карда аст.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Рўзе Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳузури гурўҳе аз асҳоби худ фармуд: Худоё бародарони маро ба ман нишон бидеҳ! Ва ин ҷумларо ду мартаба фармуд. Асҳоби ҳазрат гуфтанд: Эй Расули Худо магар мо бародарони ту нестем?!Ҳазрат фармуд: Не, шумо асҳоби ман ҳастед ва бародарони ман қавме ҳастанд дар охируз-замон, ки ба ман имон меоваранд ва ҳол он ки ҳаргиз маро надидаанд! Худованд онҳоро ба исми худ ва падаронашон бар ман муаррифӣ кардааст ... Устувории ҳар як аз онҳо дар дини худ аз кандани хорҳои гун дар шаби торик ва бар даст гирифтани оташи гудохта шуда, сахттар аст. Онҳо машъалҳои ҳидоятанд, ки Худованд онҳоро аз фитнаҳои тира ва тор наҷот мебахшад.” Ва Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:“Хушо ба ҳоли касе, ки Қоими хонадони маро дарк кунад дар ҳоле, ки пеш аз қиём, аз ў пайравӣ карда бошад. Бо дўстони ў дўстӣ ва бо душманони ў душманӣ карда бошад. Онҳо рафиқони ман ва аҳли дўстӣ ва муҳаббати ман ва гиромитарини уммати ман назди ман дар рўзи қиёмат ҳастанд.” Ва инҳо, ки ба чунин мақом ва рутбае назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам даст ёфтаанд ба шарафи хитоби ҳазрати дўст мушарраф мешаванд. Он ҳам нидое, ки пур аз муҳаббат ва ишқ аст ва ҳикоят аз ниҳояти тақарруб ва наздикии онҳо ба маҳзари ҳазрати ҳақ дорад.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Замоне бар мардум меояд, ки имомашон ғоиб мешавад, пас хушо ба ҳоли он касе, ки дар он замон бар амри (имомату вилояти) мо собит ва устувор бимонад. Ба ростӣ, ки камтарин подоши онҳо ин аст, ки ҳазрати Парвардигор онҳоро нидо мекунад, ки: Эй бандагони ман, ба сирри ман (ва имоми ғоиб) имон овардед ва ўро тасдиқ кардед, пас шуморо башорат бод ба подоши некўи ман. Шумо дар ҳақиқат бандагони ман ҳастед. Аъмоли шуморо мепазирам ва аз хатоҳои шумо мегузарам ва ба баракати шумо боронро бар бандагонам нозил мекунам ва балоро аз онҳо мегардонам ва агар шумо дар миёни мардум набудед, ҳатман азоби худро бар мардуми (гунаҳгор) мефиристодам.” Вале ба ростӣ чӣ чиз мунтазиронро ором мекунад ва интизори онҳоро поён мебахшад? Чӣ чиз равшании чашми онҳо аст ва дили бе қарори онҳоро қарор ва оромиш медиҳад? Оё онҳо, ки умре дар роҳи интизор чашм дўхтаанд ва дар ҳамин роҳ бо ҳамаи сахтиҳояш роҳро паймудаанд, то ба дашти сарсабзи Мавъуди Мунтазар пой бигзоранд, ба подоше камтар аз ҳамнишинӣ бо маҳбуб ва маъшуқи худ розӣ мешаванд?! Ва чӣ саранҷоме аз ин зеботар ва чӣ лаҳзае аз ин бо шукўҳтар хоҳад буд!Имом Козим саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Хушо ба ҳоли шиаёни мо, онҳое, ки дар замони ғайбати Қоими мо ба ресмони дўстии мо чанг зананд ва бар дўстии мо ва безорӣ аз душманонамон устувор бимонанд. Онҳо аз мо ҳастанд ва мо аз онҳо. Онҳо ба пешвоии мо розӣ шуданд (ва имомати моро пазируфтанд) ва мо низ ба шиа будани онҳо розӣ ва хушнуд шудем. Хушо ба ҳоли онҳо!! Ба Худо савганд онҳо дар қиёмат бо мо ва дар дараҷаи мо хоҳанд буд.” (Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ мебошад).