Вақте сухан аз зуҳур ба миён меояд, эҳсоси дилпазире ба одамӣ даст медиҳад. Гўё дар канори боғи сабз ва наҳри ҷорӣ нишаста аст ва ба овози хуши булбулон гўш медиҳад. Оре, зуҳури зебоиҳо ва интишори хубиҳо ба ҷону тани дармондагон нишот мебахшад ва барқи шодӣ дар чашмони умедворон равшан мекунад.Дар ин бахш дар бораи зуҳури Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва он чӣ дар соясори ҳузури айнии он ҳазрат рух хоҳад дод сухан мегўем ва ба тамошои ҷамоли бе мисолаш бе ҳиҷоб ва ғайбат менишинем.Замони зуҳур Яке аз саволҳое, ки ҳамеша зеҳни бисёре аз мардумро ба худ машғул карда ин аст, ки Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ чӣ замоне зуҳур хоҳад кард ва оё барои зуҳур вақте таъйин шуда аст?Ҷавоб ин аст, ки бар асоси суханони пешвоёни динӣ замони зуҳур бар мардум махфӣ аст.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар ин бора фармуд:“Мо на дар гузашта барои зуҳур вақте таъйин кардем ва на дар оянда вақт таъйин мекунем.” Бинобар ин касоне, ки барои зуҳур вақти мушаххасеро таъйин мекунанд фиребкор ва дурўғгў ҳастанд ва ин матлаб дар ривоёт мавриди таъкид қарор гирифтааст.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ ба яке аз асҳоби худ, ки аз замони зуҳур савол кард фармуд:“Вақтгузорон дурўғ мегўянд, вақтгузорон дурўғ мегўянд, вақтгузорон дурўғ мегўянд.” Аз ин гуна ривоёт ба хубӣ метавон ба ин нукта пай бурд, ки ҳамеша касоне будаанд, ки бо ангезаҳои шайтонӣ барои зуҳур замон таъйин мекардаанд ва чунин касоне дар оянда низ вуҷуд хоҳад дошт. Ба ҳамин хотир пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим аз шиаён хостаанд, ки дар баробари вақт таъйин кунандагон бе тафовут набошанд, балки онҳоро такзиб намоянд.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар ин бора ба яке аз ёрони худ фармуд:“Аз такзиб кардани касе, ки барои зуҳур вақт таъйин мекунад парво надошта бош чаро, ки мо барои касе вақти зуҳурро таъйин накардаем.” Рози пинҳон будани замони зуҳур Чунон, ки гуфта шуд бар асоси иродаи Худованди Ҳаким замони зуҳури бар мо махфӣ аст ва бе шак ин масъала ба хотири ҳикматҳое аст, ки баъзе аз онҳоро зикр мекунем:Идома ёфтани орзу ва умед Вақте замони зуҳур пинҳон бошад нури умед дар дили мунтазирони ҳамаи асрҳо боқӣ хоҳад монд ва бо ин умеди ҳамешагӣ ва бо давом аст, ки метавонанд дар баробари сахтиҳо ва фишорҳои даврони ғайбат муқовимат кунанд. Ба ростӣ агар ба шиаёни садаҳои гузашта гуфта мешуд, ки зуҳур дар замони шумо рух намедиҳад, балки дар ояндаи дур иттифоқ хоҳад афтод, онҳо бо кадом умед дар баробари фитнаҳои рўзгори худ муқовимат мекарданд ва чӣ гуна метавонистанд гузаргоҳҳои танг ва торики даврони ғайбатро ба саломат пушти сар бигзоранд?Заминасозӣ Бе шак интизори созанда, ки аз муҳимтарин сабабҳои фаъолият ва шукўфоӣ аст, танҳо дар сояи махфӣ ва пинҳон будани замони зуҳур шакл хоҳад гирифт, чун бо мушаххас будани замони зуҳур касоне, ки медонанд замони зуҳурро дарк намекунанд, ангезае барои ҳаракат ва заминасозӣ нахоҳанд дошт ва ба сукун ва рукуд рўй хоҳанд овард.Ҳол он ки бо пинҳон мондани замони зуҳур инсонҳои ҳамаи замонҳо ва давронҳо ба умеди ин ки зуҳурро дар замони худ бубинанд саъю кўшиш мекунанд, то заминаҳои зуҳурро фароҳам кунанд ва ҷомеаи худро ба ҷомеаи солеҳ ва шукўфо табдил кунанд.Ба илова дар сурати муайян будани замони зуҳур чунон чӣ ба хотири маслиҳатҳое зуҳур дар замони ваъда дода шуда рух надиҳад чӣ басо касоне дар асли эътиқод ба Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дучори шакку тардид шаванд.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ дар ҷавоб ба ин савол, ки оё зуҳур вақти мушаххасе дорад фармуда аст:“Касоне, ки вақт таъйин мекунанд дурўғ мегўянд, (ва ин суханро чанд мартаба такрор фармуд). Замоне, ки Мўсо саломуллоҳи алайҳ ба даъвати Парвардигор ба муддати 30 рўз аз миёни қавми худ берун рафт ва Худованд ба он 30 рўз даҳ рўзи дигар изофа кард қавми ў гуфтанд: Мўсо ба ваъдаи худ вафо накард ва онҳо он чӣ набояд мекарданд, карданд. (Аз дин баргаштанд ва гусола параст шуданд). Ҳангоми қиём Ҳама мехоҳанд бидонанд, ки ба ҳангоми ҷараёни қиёми ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ чӣ ҳаводисе рух медиҳад, ҳаракати Имом аз куҷо ва чӣ гуна оғоз мешавад. Равиши бархўрди Имом бо гурўҳҳои мухолиф чӣ гуна аст ва билахира он ҳазрат чӣ гуна бар тамоми ҷаҳон ғалаба хоҳад кард ва риштаи умури ҷаҳонро ба даст хоҳад гирифт. Инҳо ва саволҳои дигаре монанди инҳо фикру андешаи ҳар инсони муштоқ ба зуҳурро ба худ машғул мекунад. Вале воқеият ин аст, ки сухан гуфтан дар бораи ҳодисаҳои марбут ба қиёми охирин умеди башарият кори бисёр мушкил аст, чун гузориш додан аз оянда ва иттифоқоте аст, ки ҳануз воқеъ нашуда аст ва ба гунаи табиӣ наметавон аз он рухдодҳо иттилооти дақиқе дошт.Бинобар ин он чӣ дар ин бахш меоварем ҳодисаҳо ва рухдодҳои рўзгори Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аст, ки дар ривоёт дар китобҳои мухталиф нақл шуда аст ва танҳо метавонад дурнамои куллӣ аз рўйдодҳои рўзҳои зуҳурро пеши рўи хонандагон тарсим кунад. Чӣ гунагии қиём Вақте зулму фасод чеҳраи оламро сиёҳ ва зулмонӣ карда аст ва онгоҳ, ки ситамкорон густараи заминро ҷувлогоҳи бадиҳо ва номардиҳо сохтаанд ва мардони ҷаҳон дастони ёрихоҳиро ба осмон кушодаанд, ногаҳон нидои осмонӣ сиёҳии шабро медарад ва дар моҳи Худо, моҳи Рамазон зуҳури Мавъуди бузург ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро башорат медиҳад. Қалбҳо ба тапиш меафтад ва чашмҳо хира мегардад! Шаб парастон, музтариб ва ҳаросон аз тулўи субҳи имон дар паи роҳи чорае ҳастанд ва мунтазирони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз ҳар касе суроғи кўи ёрро мегиранд ва барои дидори ў ва ҳузури дар зумраи ёварони ў сар аз по намешиносанд.Дар он замон Суфёнӣ, ки ба мантақаи васие монанди Сурия, Ардан ва Фаластин султа дорад сипоҳеро таҷҳиз мекунад, то бо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ биҷангад. Лашкари Суфёнӣ, ки дар роҳи Макка ба таъқиби Имом пардохта аст дар маҳалле ба номи Байдо ба коми замин меравад ва нобуд мегардад. Баъд аз шаҳодати Нафси Закия ба фосилаи кўтоҳе Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар симои марди ҷавоне дар масҷидул ҳаром зуҳур мекунад дар ҳоле, ки пироҳани мубораки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро бар тан дорад ва парчами Он ҳазратро ба даст гирифта аст. Ў ба девори Каъба такя мезанад ва дар байни Рукну Мақом суруди зуҳурро замзама мекунад ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ ва дуруду салом бар Паёмбар ва Аҳли Байти он ҳазрат мефармояд:Эй Мардум мо аз Худованди тавоно ёрӣ металабем ва низ ҳар кас аз ҷаҳониёнро, ки ба нидои мо посух диҳад ба ёрӣ мехонем.Онгоҳ худ ва хонадонашро муаррифӣ мекунад ва нидо медиҳад:"فالله الله فينا لا تخذلونا و انصرونا ينصركم الله تعالى".“Дар бораи риояти ҳуқуқи мо Худоро дар назар бигиред. Моро (дар майдони адолатгустарӣ ва зулм ситезӣ) танҳо нагзоред ва ёриямон кунед, ки Худо шуморо ёрӣ хоҳад кард.”Пас аз тамом шудани суханони Имом, осмониён аз заминиён пешӣ мегиранд ва гурўҳ гурўҳ фуруд меоянд ва ба он ҳазрат байъат мекунанд дар ҳоле, ки пешо пеши онҳо фариштаи ваҳй Ҷабраил ба Имом дасти ҳамроҳӣ медиҳад. Онгоҳ 313 ситораи заминӣ, ки аз нуқтаҳои мухталифи олам ба сарзамини ваҳй омадаанд бар гирди хуршеди тобноки имомат ҳалқа зада ва паймони вафодорӣ мебанданд ва ин ҷараёни сабз ҷорӣ аст, то он ки даҳ ҳазор сарбози ҷон бар каф дар лашкари Имом саломуллоҳи алайҳ ҳузур меёбанд ва бо он фарзанди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам байъат мекунанд. Имом саломуллоҳи алайҳ бо ҳамроҳӣ ёрон парчами қиёмро барафрошта ва бо суръат ба Макка ва атрофи он мусаллат мешаванд ва сарзамини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро аз вуҷуди ноаҳлон пок мекунад. Онгоҳ роҳии Мадина мешавад, то сояи адолат ва меҳрро бар он бигустаронад ва саркашони шаҳрро бар ҷои худ биншонад. Сипас ба Ироқ ҳаракат карда ва шаҳри Кўфаро ба унвони маркази ҳукумати ҷаҳонии худ интихоб мекунад ва аз он ҷо ба мудирияти қиём мепардозад ва барои даъвати ҷаҳониён ба Ислом ва зиндагӣ дар сояи қавонини Қуръон ва дар ҳам кўбидани бисоти зулму ситам, ёрону сипоҳиёни нурро ба нуқтаҳои мухталифи олам гусил мекунад.Имом саломуллоҳи алайҳ як ба як сангарҳои асосии ҷаҳонро фатҳ мекунад, чун ки илова бар ёрони вафодор ва мўъмин аз кўмакҳои фариштагони илоҳӣ низ бархўрдор аст ва монанди Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз лашкари рўъбу ваҳшат кўмак мегирад ва Худованди Мутаол чунон тарсе аз Ў ва ёронаш дар дилҳои душманон меафканад, ки ҳеҷ қудратеро тавони рўёрўи бо он ҳазрат нахоҳад буд.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Қоими мо ба василаи рўъб (ваҳшат дар дили душманон) ёрӣ мешавад.” Гуфтанӣ аст яке аз нуқтаҳои ҷаҳон, ки ба василаи сипоҳи Имом саломуллоҳи алайҳ фатҳ мешавад Байтул Муқаддас аст ва баъд аз он воқеаи бисёр мубораке иттифоқ меафтад, ки дар ҷараёни қиём ва инқилоби Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ сарнавиштсоз аст ва лашкари он ҳазратро тақвият мекунад. Ва он фуруд омадани ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ аз осмон аст. Ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ, ки ба фармудаи Қуръон зинда аст ва дар осмонҳо ба сар мебарад, ба замин меояд ва пушти сари Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба намоз меистад ва ба ин васила бартарии пешвои дувоздаҳуми шиаёни ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро бар худ ва пайравии худро аз Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба ҳамагон эълон мекунад.Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:“Савганд ба он зоте, ки маро ба ҳақ барангехт дар ҳоле, ки башорат диҳандаи мардумон бошам, агар аз умри дунё ғайр аз як рўз намонда бошад Худованд он рўзро чунон тўлонӣ мекунад то фарзандам Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар он рўз қиём кунад, пас аз он Исо ибни Марям алайҳимо салом фуруд меояд ва пушти сари Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ намоз мехонад.” (Аҳодиси бисёре дар ин мавзўъ да китобҳои мўътабари аҳли суннат низ ривоят шуда аст аз ҷумла: Саҳеҳи Муслим ҷ.1.с.136-337.р.156. Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3.с.1272. р.3265. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.с.213.р.6802. ”Муснад”-и Аҳмад ҷ.2.336.р.8412. Фатҳ-ул-борӣ"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.5.с.362.ҷ.6.с.493.)Аз паи ин ҳаракати ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ бисёре аз масеҳиён, ки ҷамъияти фаровоне аз ҷаҳонро ташкил медиҳанд ба охирин захираи илоҳӣ ва пешвои шиаён имон меоваранд. Гўё Худованд ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ-ро барои чунин рўзе ҳифз карда аст, то чароғи ҳидояте барои ҳақ талабон бошад.Албатта зоҳир шудани мўъҷизаҳо бо дасти ҳидоятгари ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва тарҳи баҳсҳои фикрӣ барои роҳнамоии башарият аз барномаҳои инқилоби бузурги Маҳдавӣ аст, ки роҳро барои ҳидояти мардум боз мекунад.Дар ҳамин росто Имом саломуллоҳи алайҳ Алвоҳи Тавроти таҳриф нашуда –китоби муқаддати яҳуд-ро, ки дар нуқтаи махсусе аз дунё дафн шуда аст хориҷ мекунад ва яҳудиён, ки нишонаҳои имомати он ҳазратро дар он Алвоҳ мебинанд ба он ҳазрат имон меоваранд. Ва пайравони адёни дигар низ бо мушоҳидаи ин таҳаввул ва дигаргунии бузург ва низ шунидани паёми ҳаққи Имом ва дидани мўъҷизот аз он ҳазрат, гурўҳ гурўҳ ба он ҳазрат мепайванданд ва ин гуна аст, ки ваъдаи ҳатмии Парвардигор муҳаққақ мегардад ва Исломи азиз ҳамаи оламро зери парчами худ мегирад."هو الذي ارسل رسوله بالهدى و دين الحق ليظهره على الدين كله و لو كره المشركون".“Ва Ў Худое аст, ки паёмбарашро бо (далелҳои) ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то (саранҷом) онро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад, агар чӣ кофирон хушашон наояд.”Бо таваҷҷўҳ ба тасвире, ки тарсим шуд танҳо зургўён ва золимон мемонанд, ки ҳозир ба таслим шудам дар баробари ҳақ ва ҳақиқат нестанд ва ин гурўҳ дар баробари аксарияти мўъминон тоби муқовимат надоранд ва бо шамшери адолати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба кайфари амалҳои нангини худ хоҳанд расид ва замин ва аҳли он барои ҳамеша аз шарру фасоди онҳо эмин хоҳад шуд.