Аз он ҷо ки ҳадаф аз офариниши маҷмўаи бузурги ҳастӣ, расидани ба камол ва наздикии ҳар чӣ бештари инсон ба манбаи ҳамаи камолот яъне ҳазрати Ҳақ Таоло мебошад ва барои расидан ба ин ҳадафи бузург, бояд абзору василаҳои он фароҳам гардад, ҳукумати ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар паи фароҳам овардани асбоби наздикӣ ҷустан ба сўи Худованд ва бардоштани монеъҳо аз ин роҳ аст.Албатта инсон аз ду бўъди ҷисм ва ҷон таркиб ёфта аст ва ниёзҳои Ў низ ба ду бахши моддӣ ва маънавӣ тақсим мешавад. Бинобар ин, барои расидан ба камол лозим аст, ки дар ҳар ду бўъд ҳаракати санҷида ва ҳисоб шуда дошта бошем ва адолат, ки даст оварди бузурги ҳокимияти илоҳӣ аст, зомини саломати рушди инсон ва сайри моддӣ ва маънавӣ аст.Бинобар ин, ҳадафҳои ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар ду меҳвари рушди маънавӣ ва иҷрои адолат ва густариши он қобили матраҳ кардан аст.Рушди маънавӣ Барои пай бурдан ба арзиш ва волоии ҳадафҳои ёд шуда лозим аст нигоҳи гузаро ба ҳаёти башар дар тўли давронҳои ҳокимияти тоғутҳо биафканем.Дар тўли зиндагии инсон ба дур аз ҳокимияти ҳуҷҷати илоҳӣ, маънавият ва арзишҳои маънавӣ чӣ ҷойгоҳе дошта аст? Оё ғайри ин аст, ки башарияти гум гашта ва роҳ гум карда, ҳамеша дар роҳи ақабмондагии маънавӣ гом бардошта ва бо пайравӣ аз тамоюлоти нафсонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ як-як зебоиҳо ва хубиҳои ҳаёти худро ба фаромўшӣ супурда ва бо дасти худ онҳоро дар гўристонҳои шаҳватҳо дафн карда аст?! Покӣ ва покдоманӣ, садоқат ва дурусткорӣ, кўмак ва ҳамкорӣ, гузашту исор, эҳсон ва некўкорӣ ҷои худро ба ҳавопарастӣ ва шаҳватронӣ, дурўғ ва дағалбозӣ, худмеҳварӣ ва мавқеиятҷўӣ, хиёнат ва ҷиноят ва зиёдахоҳӣ ва афзунталабӣ дода аст. Ва дар як калима маънавият дар зиндагии башар нафасҳои охирро мекашад ва дар бисёре аз ноҳияҳо ва барои бисёре аз одамнамоҳо асаре аз он боқӣ намонда аст!!Ҳукумати охирин захираи илоҳӣ дар ростои зинда кардани ин бахш аз вуҷуди инсон гом мебардорад ва барои ҷон бахшидан ба ин мурдаи мурдор, дубора талош мекунад: То таъми ширини ҳаёти воқеӣ ва зиндагии ҳақиқиро ба инсонҳои масҷуди малоика (инсоне, ки фариштаҳо маъмури саҷда ба Ў шудаанд) бичашонад ва ба ҳамагон ёдовари кунад, ки аз аввал муқаррар шуда буд, ки онҳо дар чунин ҳаёте танаффус кунанд ва атри покиҳо ва хубиҳоро бо машоми ҷон, истишмом кунанд."يا ايّها الذين آمنوا استجيبوا لله وللرسول اذا دعاكم لما يُحييكم".“Эй гурўҳи мўъминон онгоҳ, ки Худованд ва Паёмбар шуморо ба сўи он чӣ ки шуморо зинда мекунад мехонанд, онҳоро иҷобат кунед ва ба нидои онҳо лаббайк гўед.” Бинобар ин, ҳаёти маънавӣ, ки бартарии Бани Одам аз ҳайвонот аст, бахши асосӣ ва қисмати аслии вуҷуди инсонро ташкил медиҳад, чун ки одамӣ бо бархўрдорӣ аз ҳамин ҳаёт аст, ки “одам” номида шуда аст ва ҳамин ҳаёт аст, ки ўро ба Худованди офаринандаи ҳаёт мерасонад ва ба мақоми қурби Ў ноил месозад.Аз ин рў дар замони ҳокимияти Валии Парвардигор ҳазрати Маҳдӣ, саломуллоҳи алайҳ ин бахш аз вуҷуди одамӣ сару сомон мегирад ва арзишҳои инсонӣ дар ҳамаи абъоду намунаҳои зиндагӣ равнақ ва тароват меёбад. Сафо ва самимият, исор ва вафо, ростӣ ва дурустӣ ва ... ҳамаи он чӣ ба унвони хубӣ аз он ёд мешавад, ҳама ҷоро фаро мегирад.Албатта расидан ба ин ҳадафи бузург ва нуқтаи дурахшон, ниёз ба барномаи дақиқ ва ҷомеъ дорад, ки дар бахшҳои оянда баён хоҳад шуд.Адолатгустарӣ Бузургтарин захми пайкари ҷомеаи башарӣ дар тўли тамомии қарнҳо ва асрҳои гузашта зулм ва ситами мавҷуд дар иҷтимооти инсонӣ буда аст. Башарият ҳамеша аз расидан ба ҳуқуқи худ дар арсаҳои мухталиф маҳрум монда аст ва ҳеҷ гоҳ ҳадяҳои моддӣ ва маънавӣ, одилона дар байни Бани Одам тақсим нашуда аст. Ҳамеша дар канори шикамҳои пур аз таом, гурўҳе гурусна мондаанд ва ҳамеша дар канори кохҳо ва хонаҳои бо шукўҳи чанд ҳазор метрӣ, гурўҳе дар канори хиёбонҳо ва бар санг фарши пиёдаравҳо хобидаанд. Қудратҳои зар ва зур мардуми заиф ва бечораро ба бардагӣ гирифтаанд ва нажоди сафед бар гардани сиёҳпўстон –танҳо ба ҷурми пусти сиёҳашон- тозиёнаи марг фурў оварда аст ва дар як калом ҳамеша ва ҳама ҷо ҳуқуқи заифон ва бенавоён, поймол ва ҳавоҳо ва тамоюлоти зургўён ва вайронкорон шуда аст ва инсон ҳамеша дар орзуи даст ёфтан ба адолат ва баробарӣ рўзшуморӣ карда аст ва расидани даврони шукўфоии адолатро интизор дорад.Ниҳояти ин интизор, даврони сабзи ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аст. Он ҳазрат ба унвони бузургтарин раҳбари одил ва пешвои додгар дар паи иҷрои адолат дар густараи олам ва дар ҳамаи заминаҳои ҳаёт хоҳад буд ва ин ҳақиқати ширин дар бисёре аз ривоёт, ки муждаи омадани он ҳазратро дода, баён гардида аст.Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ фармуда аст:“Агар аз дунё ҷуз як рўз боқӣ намонда бошад, Худованд он рўзро тўлонӣ кунад, то марде аз фарзандони ман қиём кунад ва заминро аз адлу дод пур кунад баъд аз он ки аз зулму ситам пур шуда бошад. Ин гуна аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунидам.” Ва даҳҳо ривояти дигар дорем, ки хабар аз адолати ҷаҳонӣ ва решакан шудани зулму ситамгарӣ дар сояи ҳукумати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ дода аст.Ҷолиб аст дониста шавад, ки адолат ва додгарӣ аз ошкортарин вижагиҳои Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аст ба гунае, ки дар баъзе аз дуоҳо ба он мулаққаб шуда аст:"اللهم و صل على وليّ امرك القائم المؤَمَّل و العدل المنتَظَر".“Худовандо ба Валии амри худ дуруд фирист ҳамоне, ки қиёмкунанда барои ҳадафу ормон ва адолати мавриди интизори ҳамагон мебошад.” Оре, Ў адолатро сарлавҳаи ҳадафҳои инқилоби худ қарор дода аст, чун ки адолат заминасози ҳаёти ҳақиқӣ дар ҳамаи заминаҳои ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ аст ва замин ва аҳли он бе адолат мурдагони бе рўҳе ҳастанд, ки зинда пиндошта мешаванд.Имом Козим саломуллоҳи алайҳ дар тафсири ояти "اعلموا انَّ الله يُحيى الارضَ بعد موتها". фармуд: “Манзур ин нест, ки заминро бо борон зинда мекунад, балки Худованд мардонеро бар меангезад, ки адолатро зинда мекунанд, пас ба сабаби ҷон гирифтани адл (дар ҷомеа) замин зинда мешавад...” (Бо таваҷҷўҳ ба ривоятҳои дигар, ки оятро ба даврони Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ тафсир карда аст, манзур аз мардон дар ин ривоят Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва ёрони он ҳазрат ҳастанд. Тафсири Бурҳон ҷ.7. саҳ.446.)Ва таъбири зинда шудани замин ишора ба он аст, ки адолати Маҳдавӣ, адолате аст фарогир ва ҳамаҷоӣ на дар бахше аз муҳитҳо ва барои баъзе аз афрод.