تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۴:۰۰
کد مطلب : ۵۳۳
۰
plusresetminus
...
Бахши чаҳорум: Вижагиҳои ҳукумат
Дар бахшҳои қабл дар бораи ҳадафҳо, барномаҳо ва дастовардҳои ҳукумати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ сухан гуфта шуд. Дар поён ба баъзе аз вижагиҳои ҳукумати он ҳазрат монанди қаламрави ҳукумат ва маркази он, муддати ҳукумат ва равиши коргузорон ва муаррифии онҳо ва низ сираи раҳбари бузурги ин ҳукумат, мепардозем.
Қаламрав ва маҳдудаи ҳукумат ва маркази он
Шакке нест, ки ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳукумати ҷаҳонӣ аст, чун ки Ў ваъдашуда барои ҳамаи башарият ва таҳаққуқбахши орзуҳои ҳамаи инсонҳост. Бинобар ин он чӣ аз зебоиҳо ва хубиҳо дар сояи ҳукумати он ҳазрат ба вуҷуд ояд саросари заминро фаро хоҳад гирифт. Ин ҳақиқате аст, ки ривоёти фаровон шоҳиди он аст, ки ба гурўҳҳое аз он ривоёт ишора мекунем:
1-Ривоёти бисёре, ки мазмуни он чунин аст: Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ заминро пур аз адлу дод мекунад ҳамон гуна, ки пур аз зулму ҷур шуда бошад. Калимаи “замин” сар то сари кураи хокиро дар бар мегирад ва ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки маънои онро ба бахше аз замин маҳдуд кунад.
2-Ривоёте, ки аз тасаллути Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ бар мантақаҳои мухталифи ҷаҳон хабар дода аст, ки густардагӣ ва парокандагӣ ва аҳамияти он мантақаҳо ҳикоят аз султаи он ҳазрат бар тамомии ҷаҳон дорад ва гўёи он аст, ки баёни баъзе аз шаҳрҳо ва кишварҳо дар ривоёт, аз боби намуна ва мисол буда ва мизони дарки мухотабони ривоёт дар он замон низ мулоҳиза гардида аст.
Дар ривоёти мухталиф аз Рум, Чин (Хитой) ва Дейлам ё кўҳҳои Дейлам, Турк, Санад, Ҳинд, Қистантания, Комил шоҳ ва Хазар ба унвони мантақаҳое, ки Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ бар онҳо мусаллат хоҳад шуд ва онҳоро фатҳ хоҳад кард, ном бурда шудааст.
Гуфтанӣ аст, ки мантақаҳои ёд шуда дар замони имомони Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим ба бахшҳои бисёр густардатаре нисбат ба замони мо, гуфта мешуда аст. Барои мисол Рум шомили ҳамаи Эвропа ва ҳатто қораи Амрико мешуда ва мурод аз Чин (Хитой) ҳамаи шарқи Осё буда аст, ки шомили Япония низ мешавад ҳамонгуна, ки Ҳиндустон, Покистони имрўзро низ дар бар мегирифта аст.
Шаҳри Қистантания ҳамон Истанбул аст, ки дар ҷаҳони он рўз ба унвони муқовимтарини шаҳрҳо ва мантақаҳо аз он ёд мешуда ва дар воқеъ фатҳи он як пирўзӣ ва муваффақияти бузург шумурда мешуда аст. Чун, ки яке аз роҳҳои аслӣ барои вуруд ба Қораи Эвропа будааст.
Хулоса ин ки тасаллути Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бар мантақаҳои ҳассос ва муҳимми ҷаҳон ҳикоят аз густардагии ҷаҳонии фармондеҳии он ҳазрат дорад.
3-Гузашта аз ривоёти дастаи аввал ва дастаи дуввум, ривоёти зиёде дар даст аст, ки ба равшанӣ аз ҷаҳонӣ будани ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ хабар медиҳад.
Дар ҳадисе аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омада аст, ки Худованди Мутаол фармуда аст:
“... Ман дини худро бо дасти онҳо (имомони дувоздаҳгона аз хонадони он ҳазрат) бар ҳамаи динҳо пирўз мегардонам ва бо дасти онҳо фармони худро (бар ҳама) сарбаланду пирўз хоҳам кард. Ва бо қиёми охирини онҳо –Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ- саросари заминро аз душманонам пок хоҳам кард ва Ўро ба Машриқ ва Мағриб фармондеҳ хоҳам гардонд ...”
Ва Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
"القائم منا... يبلغ سلطانه المشرق و المغرب و يظهر الله عز و جل به دينه على الدين كله و لو كره المشركون ...".
“Қоим аз мо Аҳли Байт аст... (Ў касе аст, ки) фармондеҳии Ў шарқу ғарбро дар бар хоҳад гирифт ва Худованд бо дасти Ў дини худро бар ҳамаи динҳо пирўз мегардонад, агар чӣ мушрикон аз он хушашон наояд...”
Ва аммо маркази ҳукумати ҷаҳонии ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ шаҳри таърихии Кўфа аст, ки дар он замон густариши зиёде хоҳад ёфт ва ба гунае, ки шаҳри Наҷафро, ки дар чанд килуметрии Кўфа қарор дорад шомил хоҳад шуд ва ба ҳамин далел аст, ки дар баъзе аз ривоёт Кўфа ва дар баъзеи дигар Наҷаф ба унвони маркази ҳукумат ном бурда шуда аст.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар зимни ривояти тўлоние фармуда аст:
“Маркази ҳукумати ў (Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ) шаҳри Кўфа хоҳад буд ва маҳалли қазовати ў масҷиди (бузурги) Кўфа аст.”
Гуфтанӣ аст, ки шаҳри Кўфа аз дер замон мавриди таваҷҷўҳи хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва маҳалли ҳукумати хилофати ҳазрати Алӣ саломуллоҳи алайҳ буда аст ва масҷиди машҳури он яке аз чаҳор масҷиди маъруфи ҷаҳони Ислом аст, ки Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар он намоз хонда ва хутба эрод мефармуда аст ва низ дар он ба амри қазоват мепардохта аст. Ва дар ниҳоят дар меҳроби ҳамон масҷид ба шаҳодат расида аст.
Муддати ҳукумат
Пас аз он ки олами башарият як давраи бисёр тўлоние аз ҳокимияти зулму ситамро пушти сар гузошт, ҷаҳон бо зуҳури охирин ҳуҷҷати Парвардигор ба сўи ҳокимияти хубиҳо хоҳад рафт ва ҳукумат дар дасти ҳокимон ва некон қарор хоҳад гирифт ва ин ваъдаи ҳатмии Худованд аст.
Ҳукумати хубон, ки бо фармондеҳии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ оғоз мешавад, то поёни умри дунё идома хоҳад дошт ва дигар рўзгори зулми золимон такрор нахоҳад шуд.
Дар сухане, ки пеш аз ин аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл шуда омада аст, ки Худованди бузург ҳокимияти охирин пешвои маъсум саломуллоҳи алайҳ-ро ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам башорат медиҳад ва дар поён меафзояд:
“(Баъд аз он ки Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба ҳукумат расид) Давлати Ўро давом хоҳам бахшид ва ҳамеша то қиёмат рўзгор (ва ҳокимияти замин)-ро дар дасти авлиё ва дўстони худ даст ба даст хоҳам гардонд.”
Бинобар ин, низоми одилонае, ки Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бар по хоҳад кард давлате аст, ки баъд аз он барои дигарон давлате нахоҳад буд ва дар ҳақиқат таърихи наве аз барои ҳаёти башар сар хоҳад шуд, ки саросар дар зери ҳокимияти илоҳӣ басар хоҳанд бурд.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Давлати мо охирини давлатҳост ва ҳеҷ хонадони соҳиби давлате намемонад, магар ин ки пеш аз ҳукумати мо ҳоким мешавад, то вақте (ҳукумати Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим бар по шуд ва) равиши ҳукмрониро диданд нагўянд, ки агар мо ҳам ҳоким мешудем ҳамин гуна амал мекардем.” (Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад).
Бинобар ин муддати давоми низоми илоҳӣ баъд аз зуҳур, ҷудо аз муддати ҳукумати шахси Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аст, ки бинобар ривоёт он ҳазрат боқимондаи умри худро ҳоким буда ва саранҷом чашм аз ҷаҳон фурў хоҳад баст.
Шакке нест, ки бояд муддати ҳукумати он ҳазрат ба қадре бошад, ки имкони таҳаввули ҷаҳонӣ ва истиқрори адолат дар ҳамаи мантақаҳои олам вуҷуд дошта бошад. Вале ин ки ин ҳадаф дар чанд сол қобили дастрасӣ аст, қобили тахмин ва гумоназанӣ нест ва бояд ба ривоёти имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим мароҷиат кард. Албатта бо таваҷҷўҳ ба қобилиятҳои он раҳбари илоҳӣ ва тавфиқ ва мадади ғайбӣ барои он ҳазрат ва асҳобу ёрони шоистае, ки дар ихтиёри он ҳазрат аст ва омодагии ҷаҳонӣ барои пазируфтани ҳокимияти арзишҳо ва зебоиҳо дар замони зуҳур мумкин аст, ки рисолати ҳазрати Маҳдии Мавъуд саломуллоҳи алайҳ дар замони нисбатан кўтоҳ анҷом шавад ва ҷараёне, ки башарият дар тўли қарнҳои мутамодӣ аз ба вуҷуд овардани он нотавон буда аст дар камтар аз даҳ сол иттифоқ афтад.
Ривоёте, ки муддати ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро баён мекунад, бисёр гуногун аст. Баъзе аз онҳо муддати ҳукумати он ҳазратро 5 сол ва баъзе аз онҳо 7 сол ва баъзеи дигар 8 ва 9 ва 10 сол баён карда аст. Чанд ривоят ҳам муддати ҳукуматро 19 солу чанд моҳ ва билахара 40 сол ва 309 сол шумурдааст.
Гузашта аз ин ки сабаб ихтилофи ин ривоёт равшан нест, пайдо кардани муддати воқеии ҳукумати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аз миёни ин ривоёт кори душворе аст. Аммо баъзе аз олимони шиа бо таваҷҷўҳ ба фаровонӣ ва шўҳрати ривоёти 7 сол, ин назар ва муддатро интихоб кардаанд.
Ва баъзеи дигар гуфтаанд, ки муддати ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ 7 сол аст, вале ҳар сол аз солҳои ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ баробари 10 сол аз солҳои мо мебошад, ки ин матлаб низ дар баъзе аз ривоёт омадааст:
Ровӣ аз Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар бораи муддати ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ савол мекунад ва Имом мефармояд:
“(Ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) Ҳафт сол ҳукумат мекунад, ки баробари 70 сол аз солҳои рўзгори шумост.”
(Ёдовар мешавем, ки дар китобҳои аҳли суннат, низ ривоёте вуҷуд дорад, ки муддати ҳукумати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ-ро 7 сол муаррифӣ кардааст).
Марҳуми Маҷлисӣ мефармояд:
“Ривоётеро, ки дар бораи муддати ҳукумати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ расида аст, бояд ба эҳтимолҳои зер тавҷеҳ намуд: Баъзе аз ривоёт ба тамоми муддати ҳукумат ишора дорад ва баъзе ба муддати субот ва устувории ҳукумат. Баъзе мутобиқи солҳо ва рўзҳое аст, ки мо бо он ошно ҳастем ва баъзе мутобиқи солҳо ва моҳҳои рўзгори Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аст, ки тўлонӣ мебошад ва Худованд ба ҳақиқати матлаб огоҳ аст.”
Сираи ҳукуматии Имом саломуллоҳи алайҳ
Ҳар ҳокиме дар ҳукумат ва бахшҳои мухталифи мудириятии худ равишҳои махсусе дорад, ки ин худ аз мушаххасаҳои ҳукумат аст. Имоми Мавъуд Маҳдии Мунтазар саломуллоҳи алайҳ низ вақте ҳукумати ҷаҳонро ба даст гирад дар тадбири низоми ҷаҳонии худ равишу митоди хоссе дорад. Гарчӣ дар зимни баҳсҳои гузашта ба гўшаҳое аз равиши амалкарди он ҳазрат ишора шуд, вале ба хотири аҳамияти мавзўъ муносиб аст, ки дар ин фурсат ба гунаи мустақил ба он бипардозем ва дар зулоли суханони Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим равиши ҳукуматии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро беҳтар ва бештар бишносем.
Он чӣ дар оғоз бояд бар он таъкид шавад ин аст, ки ривоёт як тасвири куллӣ аз сираи он бузургворро ба даст дода аст ва он иборат аст аз ин ки сираи Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳамон сира ва равиши Паёмбари бузурги Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва он гуна, ки Паёмбар дар замони зуҳури худ бо мардуми ҷоҳилият бо ҳама абъоду намунаҳо ва равишҳояш мубориза карданд ва исломӣ ноб, ки зомини саодати дунё ва охират астро бар муҳити худ ҳоким карданд, ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ низ бо зуҳури худ бо ҷоҳилияти ҷадид, ки дардноктар аз ҷоҳилияти қадим аст, бархўрд хоҳад кард ва арзишҳои исломӣ ва илоҳиро бар вайронаҳои ҷоҳилияти мудерн, бино хоҳад кард.
Аз Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар бораи сираи ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ савол шуд, фармуд:
"يصنع كما صنع رسول الله صلى الله عليه و آله و سلم يهدم ما كان قبله كما هدم رسول الله صلى الله عليه و آله وسلم امر الجاهلية و يستأنف الاسلام جديدا".
“(Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) Монанди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам амал хоҳад кард ва ҳамон гуна, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам он чӣ аз равиши ҷоҳилият (дар миёни мардум расм) буд, аз миён бурд, Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ низ равишҳои ҷоҳилии қабл аз зуҳури худро нобуд хоҳад кард ва Исломро аз нав поярезӣ хоҳад намуд.”
Ин сиёсати куллии Имоми Мавъуд саломуллоҳи алайҳ дар замони ҳокимияти Ўст. Албатта шароити замонии мутафовит, сабаби тағйироте дар равиши иҷро ва ҳукуматдорӣ мешавад, ки дар ривоёт матраҳ гардида ва мо дар бахшҳои ҷудогона ба баёни онҳо мепардозем.
Сираи ҷиҳодӣ ва муборизотӣ
Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бо инқилоби ҷаҳонии худ бисоти ширк ва куфрро аз густараи замин бармечинад ва ҳамагонро ба дини муқаддаси Ислом даъват мекунад.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ин бора мефармояд:
“Равиши ў (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) равиши ман аст ва мардумро бар дину шариати ман қарор медиҳад.”
Албатта он ҳазрат дар шароите зуҳур мекунад, ки ҳақ ба гунаи ошкор муаррифӣ гардида ва аз ҳар ҷиҳат ба мардуми ҷаҳон ҳуҷҷат тамом шудааст.
Бо ин ҳол бинобар баъзе аз ривоёт ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ Таврот ва Инҷили воқеии таҳриф нашударо аз ғоре дар Антокия берун меоварад ва ба василаи онҳо ба яҳудиёну масеҳиёни ҷаҳон эҳтиҷоҷ мекунад, ки бисёре аз онҳо мусулмон мешаванд. Дар ин миён он чӣ ки гароиши миллатҳои гуногунро ба Ислом бештар мекунад он аст, ки ҳамагон ошкоро мебинанд, ки Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бо имдодҳои ғайбӣ ёрӣ мешавад ва нишонаҳои паёмбарон монанди асои Мўсо саломуллоҳи алайҳ ва ангуштарини Сулаймон саломуллоҳи алайҳ ва зиреҳ ва шамшер ва парчами Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро ҳамроҳ дорад ва барои таҳаққуқи ҳадафҳои паёмбарони Худо ва барқарории адолати ҷаҳонӣ, қиём карда аст. Равшан аст, ки дар чунин бистаре, ки ҳақ ва ҳақиқат ошкоро бар ҷаҳониён арза шуда аст, танҳо касоне дар лашкар ва майдони ботил боқӣ мемонанд, ки ба куллӣ шахсияти инсонӣ ва илоҳии худро аз даст дода бошанд ва инҳо ҳамонҳо ҳастанд, ки ҷуз фасоду табоҳӣ ва зулм аз онҳо сар намезанад ва лозим аст соҳати давлати Маҳдавӣ аз вуҷуди онҳо пок гардад. Ин ҷост, ки шамшери буррандаи адолати Маҳдавӣ аз ниём баромада ва бо қудрат ва расо ба пайкари ситамкорони лаҷуҷ фуруд меояд ва касе аз онҳоро боқӣ намегузорад. Ин шева ва равиши Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Амиралмўъминин саломуллоҳи алайҳ низ будааст.
Сираи қазоии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ
Аз он ҷо ки Мавъуди Мунтазар барои истиқрори адолат дар тамоми замин, захира шуда аст барои анҷоми рисолати худ ба як системаи қазоии мустаҳкам ниёз дорад. Бинобар ин, он ҳазрат дар ин бахш ба равиши бобои бузургвораш Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ амал мекунад ва бо ҷиддият ва қудрат аз паи ба даст овардани ҳуқуқи поймол шудаи мардум аст ва ҳақро дар ҳар куҷо бошад гирифта ва ба соҳибаш бар мегардонад. Ва чунон ба адолат рафтор мекунад, ки мувофиқи ривоёт зиндагон орзу мекунанд, ки мурдагон баргарданд ва аз баракати адли ў баҳраманд шаванд.
Гуфтанӣ аст, ки бахше аз ривоёт баёнгари он аст, ки Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар мақоми қазоват монанди ҳазрати Сулаймон ва ҳазрати Довуд алайҳимо салом амал мекунад ва монанди онҳо бо илми илоҳӣ, ки дорад ҳукм мекунад ва на бо истинод ба шоҳид ва гувоҳ.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Вақте Қоими Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам қиём кунад монанди Довуд ва Сулаймон алайҳимо салом доварӣ мекунад (яъне) шоҳид ва гувоҳ талаб намекунад.”
Ва шояд рози ин гуна довариҳо ин бошад, ки ба сабаби эътимод ба илми илоҳӣ, адолати ҳақиқӣ бар по мегардад дар ҳоле, ки вақте бар гувоҳон ва сухани онҳо такя мешавад, адолати зоҳирӣ ҳоким мешавад, чун ба ҳар ҳол шоҳидон аз миёни инсонҳо ҳастанд ва эҳтимоли хато вуҷуд дорад.
Албатта дарки чӣ гуна қазоват кардани Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ба равиши гуфта шуда кори душворе аст, вале метавон фаҳмид, ки ин шева ва равиш бо шароити рўзгори он ҳазрат созгор аст.
Сираи мудириятии Имом саломуллоҳи алайҳ
Яке аз аркони муҳимми ҳукумат, коргузорони он ҳастанд. Вақте масъулони ҳукуматӣ афроди шоиста бошанд, кори давлат ва миллат ба сомон хоҳад расид ва дастёбӣ ба ҳадафҳои ҳукумат осонтар хоҳад буд.
Ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба унвони раиси ҳукумати ҷаҳонӣ барои бахшҳои мухталифи мантақаҳои гуногуни олам ҳокимонеро аз миёни беҳтарин ёрони худ интихоб мекунад. Касонеро, ки тамоми вижагиҳои як ҳокими исломӣ аз қабили дониши мудирият, тааҳҳуд ва покӣ дар ният ва амал ва шуҷоат дар тасмимгириро доро ҳастанд. Бо ин ҳол шахси Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ба унвони фармондеҳи бузург ва маркази мудирияти олам ба сурати доимӣ амалкарди ҳокимонро зери назар дорад ва бо шиддат ва диққат ва бидуни чашмпўшӣ, кори онҳоро ҳисобрасӣ мекунад. Ин вижагии муҳим, ки пеш аз ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба фаромўшӣ супурда шуда ва нодида гирифта шуда аст дар ривоёт ба унвони яке аз аломатҳои ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ баён гардида аст.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
"علامة المهدي ان يكون شديدا على العمال جوادا بالمال رحيما بالمساكين".
“Аломати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ он аст, ки бо коргузорони худ шадид (ва дақиқ) аст. Дасти бахшандае дорад ва нисбат ба мискинон меҳрубон аст.”
Сираи иқтисодии Имом саломуллоҳи алайҳ
Равиши Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар умури молии ҳукумат бар мабнои баробарӣ қарор дорад ва ин ҳамон равиши писандидае аст, ки дар замони Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам вуҷуд дошта аст ва баъд аз он ҳазрат ин равиш тағйир кард ва меъёрҳои дурўғине барои пардохтҳои беҳисоб ба афрод ҷои онро гирифт ва сабаби пайдоиши фосилаи табақотӣ дар ҷомеаи исломии он рўз шуд ва агар чӣ Имом Алӣ ва Имом Ҳасан алайҳимо салом дар муддати хилофати худ ба низоми баробарӣ дар пардохти амволи муслимин пойбанд буданд, вале пас аз онҳо Бани Умайя амволи мусулмононро монанди милки шахсии худ ва бар тибқи маслиҳатҳои шахсӣ ба кор мебурданд ва аз ин роҳ пояҳои ҳукумати номашрўи худро маҳкам мекарданд. Онҳо заминҳои кишоварзӣ ё ғайри он аз сарватҳо ва амволи умумиро ба наздикони худ мебахшиданд ва ин кор, ки ба хусус дар замони халифаи севвум ва даврони Бани Умайя ривоҷ ёфта буд ҳолати расмӣ пайдо кард.
Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки мазҳари адолат ва додгарӣ аст, байтулмоли мардумро ба унвони сарвати умумӣ, ки ҳамагон дар он шарик ҳастанд қарор медиҳад ба гунае, ки ҳеҷ гуна табъиз ва имтиёзхоҳӣ дар он роҳ надошта бошад ва бахшиши сарватҳо ва заминҳо ба куллӣ мамнўъ хоҳад буд.
Паёмабар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
"اذا قام قائمنا اضمحلت القطائع فلا قطائع".
“Замоне, ки Қоими мо қиём кунад, Қатойеъ (заминҳое, ки раҳбарон ва ҳокимони золим бар моликияти худ даровардаанд ва ё ба дигарон вогузор кардаанд) аз байн меравад ва ба тавре, ки дигар Қатойее дар миён нахоҳад буд.”
Ва аз шохисаҳои дигари равиши молии Имом саломуллоҳи алайҳ ин аст, ки дар ростои бартараф кардани ниёзҳои моддӣ ва ба вуҷуд овардани рафоҳи маъқул барои зиндагии тамоми афрод, Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ амволи фаровоне ба мардум мебахшад ва дар ҳукумати он ҳазрат ҳар ниёзманде, ки аз он ҳазрат талаб мекунад, амволи зиёде дарёфт мекунад.
Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
"...فهو يحثوا المال حثوا".
“Ў (Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) амволро ба фаровонӣ мебахшад.”
Ва ин равиш барои ба вуҷуд овардани заминаҳои ислоҳи фардӣ ва иҷтимоӣ аст, ки ҳадафи бузурги Имоми хубон аст. Ва он ҳазрат бо бе ниёз кардани мардум аз ҷиҳати моддӣ дар паи ба вуҷуд овардани заминаи муносиб барои пардохтани афрод ба тоат ва ибодати Парвардигор аст, ки дар бахши ҳадафҳои ҳукумат муфассал дар бораи он сухан гуфтем.
Сираи шахсии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ
Сираи Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар рафтори шахсӣ ва низ дар иртибот бо мардум, намоёнгари як ҳокими исломии намуна аст, ки ҳукумат дар нигоҳи ў василае аст барои хизмат ба мардум ва расонидани мардум ба қуллаҳои камол ва на ҷойгоҳе барои захира кардани моли дунё ва ситамгарӣ ва ба истисмор кашидани бандагони Худо!!
Ба ростӣ, ки он Имоми солеҳон дар курсии ҳукмфармоӣ ёдовари ҳукумати Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Амиралмўминин Алӣ саломуллоҳи алайҳ аст ва бо вуҷуди он ки ҳамаи амвол ва сарватҳо дар ихтиёри он ҳазрат аст, дар зиндагии шахсии худ дар поинтарин сатҳ ба сар мебарад ва ба камтаринҳо қаноат мекунад.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар васфи он ҳазрат фармуда аст:
“Имом (Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) бо худ аҳд мебандад, ки (агар чӣ ҳоким ва раҳбари ҷомеаи башарӣ аст, вале) ҳамонанди зердастони худ роҳ равад ва монанди онҳо бипўшад ва бар маркабе монанди маркаби онҳо савор шавад ... ва ба кам қаноат кунад.”
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ худ чунин буда ва дар зиндагии дунё ва хўрок ва пўшиши он зўҳди Паёмбаргуна дошт ва Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар ин майдон ба он ҳазрат иқтидо хоҳад кард.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуда аст:
"انَّ قائمنا اذا قام لبس لباس عليٍّ وسار بسيرته".
“Вақте Қоими мо қиём кунад либоси Алӣ саломуллоҳи алайҳ-ро бар тан мегирад ва равиши он ҳазратро пеш мегирад.”
Он ҳазрат, ки дар бораи худ сахтгир ва дақиқ аст, бо уммат монанди падари меҳрубон аст ва осоишу роҳатии онҳоро мехоҳад ба гунае, ки дар ривояте аз Имом Ризо саломуллоҳи алайҳ ин гуна васф шуда аст:
"الامام الانيس الرفيق و الوالد الشفيق و الاَخُ الشقيق و الاُمُّ البرة بالولد الصغير مفزع العباد في الداهية الناد".
“Имом он ҳамдами ҳамроҳ ва он падари меҳруб ва бародари танӣ (ки пуштибони бародар) аст ва модари дилсўз нисбат ба фарзанди хурдсол аст ва паноҳгоҳи бандагон дар воқеаи ҳавлнок аст.”
Оре он ҳазрат чунон бо уммат самимӣ ва наздик аст, ки ҳама ўро паноҳгоҳи худ медонанд.
Аз Паёмбар макаррами Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шуда, ки дар бораи Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Умматам ба Ў паноҳ мебаранд он гуна, ки занбурҳо ба малакаи худ паноҳанда мешаванд.”
Он ҳазрат мисдоқи комили раҳбаре аст, ки аз миёни мардум баргузида шуда ва дар байни онҳо ва монанди онҳо зиндагӣ мекунад. Ба ҳамин далел дардҳои онҳоро ба хубӣ мешиносад ва дармони онро медонад ва тамоми ҳиммати худро барои беҳбудии онҳо ба кор мегирад ва дар ин роҳ танҳо ба ризояти илоҳӣ меандешад. Дар ин сурат чаро уммат дар канори он ҳазрат ба оромиш ва амният нарасад ва ба кадом далел дил ба ғайри он ҳазрат бисупорад?!
Мақбулияти умумӣ
Яке аз дағдағаҳои ҳукуматҳо ҷалби ризояти умуми ҷомеа буда аст, вале ба хотири заъфҳои бисёре, ки дар идораи маҷмўаҳо вуҷуд дошта чунин ризояте ба даст наомада аст. Аз вижагиҳои асосии ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳамин аст, ки мавриди қабули ҳама афрод ва ҷомеаҳои башарӣ аст ва на танҳо аҳли замин, ки сокинони осмон низ нисбат ба он ҳукумати илоҳӣ ва фармомдеҳи адолат густар ризояти комил доранд.
Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Шуморо башорат медиҳам ба Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ... аҳли осмон ва замин аз он ҳазрат (ва ҳукумати Ў) розӣ ҳастанд. Ва чӣ гуна мумкин аст, ки касе аз ҳокимияти Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ норозӣ бошад ва ҳол он ки барои ҳамаи ҷаҳониён равшан мешавад, ки салоҳи амри башар ва саодаташ дар ҳамаи ҷанбаҳои моддӣ ва маънавӣ, танҳо дар сояи ҳукумати илоҳии он ҳазрат аст.”
Ба ҷост, ки дар поёни ин бахш каломи ҷовидонаи Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ-ро ба унвони ҳусни хитоб биоварем:
“...Худованд Ўро (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро) ба василаи фариштагони худ таъйид мекунад ва ёрони Ўро ҳифз мекунад ва ба василаи нишонаҳои худ ёрияш мекунад ва Ўро бар аҳли замин пирўз мегардонад ба гунае, ки (ҳама) бо майлу рағбат ё ба икроҳ ба Ў мегараванд. Ва заминро аз адлу дод ва аз равшаноӣ ва далел пур мекунад. Шаҳрҳо ба Ў имон меоваранд, то ин ки кофире намемонад ҷуз он ки имон меоварад ва зишткоре намемонад, магар он ки нукў мегардад ва дар ҳукумати он ҳазрат даррандагон бо ҳам оштӣ мекунанд ва замин баракатҳои худро берун мерезад ва осмон хайроти худро фурў меборад ва ганҷҳои замин барои он ҳазрат ошкор мегардад ..., пас хушо ба ҳоли касе, ки рўзгори ўро бубинад ва сухани Ўро бишнавад.”
https://ayandehroshan.ir/vdcebx8nijh8x.9bj.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما