تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۳:۵۷
کد مطلب : ۵۳۲
۰
plusresetminus
...
Осебшиносии Маҳдавият
Барои ҳар фарҳанг ва маҷмўаи маърифатӣ, мумкин аст офатҳое рўй диҳад, ки монеи рушд ва боландагии он фарҳанг бошад. Фарҳанги динӣ низ гоҳе ба офатҳое гирифтор мешавад, ки ҳаракати рў ба камоли онро кунд мекунад ва баҳси “осебшиносии динӣ” ўҳдадори шинохтани он офатҳо ва равиши муқобила бо онҳост.
Муносиб аст дар фасли поёнӣ дар бораи он чӣ ба унвони осебҳои фарҳанги ноби Маҳдавӣ матраҳ мешавад баҳс кунем, то зимни ошноӣ бо осебҳо ба роҳҳои аз байн бурдан ва муқобила бо онҳо биандешем.
Осебҳои фарҳанги Маҳдавият, мавориде аст, ки ғафлат аз онҳо сабаби сустии эътиқоди мардум ва ба хусус ҷавонон нисбат ба асли вуҷуди Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва ё абъоду намунаҳои мухталифи шинохти он бузургвор аст ва гоҳе низ сабаби гароиш ба афрод ё маҷмўаҳои мунҳариф мешавад. Бинобар ин, ошноӣ бо ин осебҳо, мунтазирони он Имоми бузургворро аз каҷравӣ дар эътиқод ва амал ҳифз хоҳад кард.
Мо дар ин ҷо муҳимтарин осебҳои фарҳанги Маҳдавиятро дар унвонҳое ҷудо аз якдигар мавриди баҳс қарор медиҳем:
Бардоштҳои ғалат
Аз осебҳои муҳим дар фарҳанги Маҳдавият, тафсирҳо ва бардоштҳои нодуруст аз мавзўоти ин фарҳанги исломӣ аст. таҳлили нодуруст ва ноқис аз ривоёт ба дарёфти ғайри саҳеҳ меанҷомад, ки чанд намуна аз онро баён мекунем.
1-Бардошти ғалат аз мафҳуми “интизор” сабаб шуда аст, ки баъзеҳо гумон кунанд, ки чун ислоҳи ҷаҳон аз фасодҳо ба дасти Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ анҷом хоҳад шуд, мо дар баробари табоҳиҳо ва фасодҳо ҳеҷ вазифае надорем ва балки мумкин аст гуфта шавад, ки барои наздик шудани зуҳури Имои Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бояд барои тарвиҷи бадиҳо ва зиштиҳо дар ҷомеа иқдом кард. Ин андешаи нодуруст дар муқобили дидгоҳи Қуръон ва Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим аст, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро аз вазифаҳои ҳатмии мусулмонон медонад.
Бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ ҳазрати Имом Хумайнӣ раҳматуллоҳи алайҳи дар нақди ин дидгоҳ фармудаанд:
“Мо агар дастамон мерасид ва қудрат медоштем, бояд биравем тамоми зулмҳоро ва ситамҳоро аз олам бардорем ва ин таклифи шаръии мост, вале наметавонем. Ин ки ҳаст ин аст, ки ҳазрати Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ оламро пур аз адолат мекунад на ин ки шумо аз ин таклифатон даст бардоред ва на ин ки шумо дигар таклиф надоред.”
Эшон ҳам чунин дар идомаи баёноти худ фармудаанд:
“(Оё) Мо бар хилофи оёти шарифаи Қуръон даст аз наҳйи аз мункар бардорем? Даст аз амри ба маъруф бардорем ва гуноҳонро густариш диҳем барои ин ки он ҳазрат биёянд?!
Лозим ба зикр аст, ки мо дар оғози баҳси “интизор” дар бораи маънои саҳеҳи интизор сухан гуфтем.
2-Баъзеҳо аз зоҳири баъзе аз ривоёт ин гуна бардошт кардаанд, ки ҳар қиёме қабл аз қиёми Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ маҳкум ва мардуд аст. Бинобар ин дар баробари қиём ва инқилоби шукўҳманди исломии Эрон, ки қиёме бар зидди тоғут ва истикбор ва дар роҳи барқарории аҳкоми илоҳӣ буда аст, мавзўи нодурусте гирифтаанд.
Дар ҷавоб бояд гуфт, ки иҷрои бисёре аз аҳкоми исломӣ монанди иқомаи ҳудуд ва қасос ва низ ҷиҳод бо душманон ва муборизаи фарогир бо фасод ҷуз бо ташкили ҳукумати исломӣ мумкин нест. Бинобар ин саъю кўшиш барои барқарории низомӣ исломӣ кори писандида ва мавриди қабул аст ва манъ аз қиём дар баъзе аз ривоёт ба маънои ширкат дар қиёмҳои ботил аст, ки ҳадафи илоҳӣ надорад ва ё қиёмҳое, ки бе таваҷҷўҳ ба шароит ва заминаҳои лозим анҷом мегирад ва ё ҳаракатҳое, ки ба унвони қиёми Маҳдавӣ шурўъ мегардад, мебошад. На ин ки ҳар инқилоб ва ҳаракате, ки дар роҳи ислоҳи ҷомеа аст мардуд шумурда шуда бошад.
3-Яке дигар аз бардоштҳои ғалат дар фарҳанги Маҳдавият нишон додани чеҳри хушунат омез аз Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аст.
Бар хилофи тасаввури баъзе аз афроде, ки фикр мекунанд Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бо шамшери адолат дарёе аз хун ба роҳ меандозад ва бисёре аз мардумро аз дами тез мегузаронад, Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ мазҳари раъфат ва раҳмати Пасвардигор аст ва монанди Паёмбари бузургвори Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, аввал ҳамагонро бо баёни равшан ва далелҳои ошкор ба сўи Ислом ва Қуръон даъват мекунад ва аксари мардум даъвати он ҳазратро қабул мекунанд ва ба он ҳазрат мепайванданд. Бинобар ин Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ танҳо бо мухолифони сарсахте, ки огоҳона аз пазируфтани ҳақ сарпечӣ мекунанд ва чизе ҷуз забони шамшерро намефаҳманд, бо силоҳ бархўрд хоҳад кард.
Истиъҷоли зуҳур
Яке дигар аз осебҳои ҷиддӣ дар фарҳанги Маҳдавият, истеъҷоли зуҳур аст. Истеъҷол ба маънои шитоб кардан ва хостани чизе қабл аз расидани вақти он ва таҳаққуқи заминаҳои лозим барои он аст. Инсонҳои шитобзада ба хотири заъфи нафс ва камзарфият будан матонат ва оромиши худро аз даст медиҳанд ва бе дар назар гирифтани шароит, хоҳони таҳаққуқи падидаҳо ҳастанд.
Дар фарҳанги ноби Маҳдавият ва дар бархўрд бо масъалаи интизори Имоми ғоиб, инсони мунтазир ҳамеша дар талаби зуҳур аст ва бо тамоми вуҷуд ва иштиёқ хостори зуҳур аст ва барои зудтар расидани замони зуҳур дуо мекунад, вале ҳаргиз шитоб намекунад гарчӣ ҳар миқдор ҳам ғайбат ба дарозо бикашад ва интизор тўлонӣ шавад, боз ҳам сабру шикебоиро аз даст намедиҳад, балки бо вуҷуди шавқи фаровон ба зуҳур, дар баробари иродаи Парвардигор ва хости ў камоли таслим буданро аз худ нишон медиҳад ва барои таҳаққуқи ҳамаи заминаҳои лозим барои зуҳур мекўшад ва бурдборӣ мекунад.
“Абдураҳмон ибни Касир мегўяд: Дар маҳзари Имоми Содиқ саломуллоҳи алайҳ нишаста будам, ки Маҳрам дохил шуд ва гуфт: Фидоят шавад! Ба ман хабар диҳед ин амре, ки дар интизораш ҳастем, кай воқеъ мешавад? Имом саломуллоҳи алайҳ фармуд: Эй Маҳрам дурўғ гуфтанд касоне, ки вақт таъйин карданд ва ҳалок шуданд шитоб кунандагон ва наҷот ёфтанд таслим шудагон.”
Манъ аз аҷала ва шитобзадагӣ дар амри зуҳур ба ин хотир аст, ки аз паи ин падида рўҳияи ноумедӣ дар инсони мунтазир пайдо мешавад. Оромиш ва сабуриро аз даст медиҳад ва ҳолати таслими Ў ба ҳолати гилламандӣ ва шикоят табдил мешавад ва аз ба ақаб афтодани зуҳур бе қарор мегардад ва ин бемориро ба дигарон низ мунтақил мекунад ва гоҳе ба хотири шитобзадагӣ дар зуҳур ба ҳолати инкори Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ гирифтор мешавад.
Гуфтанӣ аст, ки маншаи шитобзадагӣ дар амри зуҳур ин аст, ки намедонад зуҳур аз суннатҳои илоҳӣ аст ва монанди ҳамаи суннатҳо, бояд баъд аз таҳаққуқи ҳамаи шароит ва заминаҳо анҷом гирад ва бинобар ин барои вуқўи он шитоб мекунад.
Таъйини замони зуҳурتАз осебҳои фарҳанги Маҳдавият ин аст, ки баъзеҳои аз паи таъйини замон барои зуҳур ҳастанд. Дар ҳоле, ки замони зуҳур барои мардум пинҳон аст ва дар ривоёти пешвоёни динӣ аз таъйини вақт барои зуҳур ба шиддат манъ шуда аст ва вақт таъйин кунандагон дурўғгў шумурда шудаанд.
Аз Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ савол шуд, оё барои зуҳур вақти муайяне вуҷуд дорад? Имом фармуданд:
“Касоне, ки барои зуҳур вақт таъйин мекунанд дурўғ мегўянд. (Ва се мартаба ин суханро такрор фармуд.)
Бо ин ҳол баъзеҳо огоҳона ё ноогоҳона барои зуҳур вақт таъйин мекунанд, ки камтарин асари он эҳсоси ноумедӣ барои касоне аст, ки ин ваъдаҳои дурўғинро бовар кардаанд, вале хилофи онро мушоҳида кардаанд.
Бинобар ин мунтазирони воқеӣ, бояд худро аз доми маккорону фиребгарон ва низ нодонон ҳифз кунанд ва дар бораи замони зуҳур танҳо мунтазири иродаи Парвардигор бошанд.
Татбиқи аломатҳои зуҳур бар мисдоқҳои махсус
Дар ривоёти фаровоне нишонаҳое барои зуҳури Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ баён шуда аст, аммо чӣ гунагии дақиқ ва хусусиятҳои онҳо равшан нест. Ва ин бистаре барои таҳлилҳо ва тафсирҳои шахсӣ ва эҳтимолӣ гардида аст. Ҳар чанд гоҳе баъзеҳо дар паи мутобиқат кунондани аломатҳои зуҳур бар падидаҳои мавҷуд мебароянд ва ба ин васила хабар аз наздик будани зуҳур ва эҳтимоли ба наздикӣ воқеъ шудани онро медиҳанд.
Ин ҷараён низ аз осебҳои фарҳанги Маҳдавият аст, ки гоҳе ба ноумедӣ нисбат ба зуҳур меанҷомад. Барои мисол вақте шахсияти Суфёнӣ барои шахси махсусе, ки дар фалон мантақа аст тафсир шавад ва дар бораи Даҷҷол таҳлилҳои бе далел матраҳ гардад ва аз паи он башорати зуҳур дар замони бисёр наздик ба ҳамагон дода шавад ва пас аз гузашти солҳо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ зуҳур накунад, гурўҳе ба инҳироф ва хато гирифтор мешаванд ва дар эътиқодоти саҳеҳи худ дучори тазалзул ва шак мешаванд.
Матраҳ кардани баҳсҳои ғайри зарурӣ
Дар фарҳанги ноби Маҳдавӣ маорифи фаровоне аст, ки пардохтан ба онҳо як зарурат шумурда мешавад ва нақши асосӣ дар ҷиҳати огоҳии бахше аз шиаён дорад ва барои нишон додани чӣ гунагии амалкарди онҳо дар замони ғайбат бисёр муҳим аст.
Гоҳе афрод ва маҷмўаҳо дар қолиби гуфтор ва мақолаҳо ва нашриёт ва ҳатто конфронсҳо ба баҳсҳое рўй меоваранд, ки ҳеҷ зарурате барои онҳо эҳсос намешавад ва балки гоҳе сабаби ба вуҷуд омадани шубҳаҳо ва саволҳои инҳирофӣ дар зеҳн ва андешаи мунтазирон мегардад.
Барои намуна, пардохтан ба баҳси “мулоқот бо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ” ва тарғибу ташвиқи фаровон ба шакли ифротӣ нисбат ба ин мавзўъ паёмадҳои ногуворе дорад ва сабаби ноумедӣ ва гоҳе инкори Имом саломуллоҳи алайҳ мегардад. Дар ҳоле, ки он чӣ дар ривоёт бар он таъкид шуда аст ҳаракати дар роҳи ризояти Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва пайравӣ аз он ҳазрат дар гуфтор ва кирдор аст ва бинобар ин, он чӣ муҳим аст баён кардани вазифаҳои мунтазирон дар асри ғайбати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аст, то агар тавфиқи мулоқот бо Имом даст дод дар ҳолати ризоятманди он бузургвор бошад.
Пардохтан ба баҳсҳое аз қабили издивоҷи он ҳазрат ва ё вуҷуди фарзанд барои он ҳазрат ва ё маҳалли зиндагии он бузургвор ва монанди он низ аз намунаҳои баҳсҳои ғайри зарурӣ аст, ки ба ҷост ҷои худро ба баҳсҳои корбурдӣ ва таъсиргузор дар роҳи зиндагии мунтазирон бидиҳад. Ба ҳамин далел гуфтугў дар бораи шароит ва заминаҳои зуҳур низ бар баҳси аломатҳои зуҳур муқаддам аст, чун ошноӣ бо шароити зуҳур, муштоқони Имомро ба ҳаракат дар ростои таҳаққуқи он шароит тарғиб мекунад.
Ин нукта низ муҳим аст, ки дар тарҳи мабоҳиси Маҳдавият, ҷомеъ нигарӣ лозим аст. Мақсад аз ҷомеънигарӣ он аст, ки дар ҳангоми гуфтугў дар бораи як мавзўъ маҷмўаи маорифи Маҳдавият мавриди мутолиа қарор гирад. Гоҳе баъзе аз афрод бо мутолиаи баъзе аз ривоёт бе дар назар гирифтани ривоёти дигар, таҳлилҳои нодурусте аз ҷараёни Маҳдавият баён мекунанд. Барои мисол бо мулоҳизаи ривоёте, ки аз ҷанги тўлонӣ ва хунрезии фаровон хабар дода аст, чеҳраи бисёр хашене аз Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ба намоиш мегузоранд ва аз ривоёти дигар, ки ҷилваҳои муҳаббат ва меҳрубонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро баён карда аст ва сира ва ахлоқи он ҳазратро ҳамонанди хулқу хўи бобои гиромияш Паёмбари мукаррами Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муаррифӣ карда аст, ғофил мемонанд. Бадеҳӣ аст, ки диққат дар ҳар ду даста аз ривоёт ин ҳақиқатро баён мекунад, ки бархўрди Имом саломуллоҳи алайҳ бо ҳамаи инсонҳои ҳақталаб –чӣ расад ба шиаён ва дўстдорони он бузургвор- бо дарёе аз сафо ва самимият ва меҳрубонӣ хоҳад буд ва шамшери интиқоми он захираи илоҳӣ танҳо ба гурдаи ситамкорон ва пайравони онҳо фуруд хоҳад омад.
Бинобар ин, гуфтугў дар бораи мавзўи Маҳдавият салоҳияти илмии кофӣ мехоҳад ва касоне, ки чунин салоҳияте надоранд набояд ба ин майдон ворид шаванд ва вуруди онҳо ба ин майдон метавонад осебҳои ҷуброн нашудание ба фарҳанги Маҳдавият ворид кунад.
Муддаиёни дурўғин
Яке дигар аз осебҳои маорифи Маҳдавият, зуҳури муддаиёни дурўғин дар ин ҷараёни муқаддас аст. Дар тўли солиёни ғайбати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ афроде ба дурўғ иддао кардаанд, ки бо он ҳазрат иртиботи хоссе доранд ва ё аз сўи он бузургвор ба мақоми ниёбати хос расидаанд.
Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ дар охирин номаи худ ба ноиби чаҳорум ба равшанӣ баён фармуда, ки:
“Ту то шаш рўзи дигар аз дунё хоҳӣ рафт. Аз ин рў ба корҳоят расидагӣ кун ва дар бораи ҷонишини баъд аз худ ба касе васият накун! Чун ки давраи ғайбати комил (ва тўлонӣ) фаро расида аст ва аз ин пас зуҳуре (барои ман) нахоҳад буд, магар баъд аз фармони илоҳӣ ва он пас аз гузашти муддати дароз хоҳад буд, ки дилҳоро сахтӣ ва қасоват фаро гирад ва замин аз зулму ситам пур гардад... Ва дар оянда баъзе аз шиаёни ман иддаои мушоҳида (ва иртиботи бо ман) мекунанд. Огоҳ бошед, ки ҳар кас пеш аз хуруҷи Суфёнӣ ва сайҳаи (осмонӣ) иддаои (расмии) мушоҳидаи (маро) дошта бошад, дурўғгў аст.” (Чунон, ки дар гузашта ишора кардем, санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад).
Бо ин баёни равшан ҳар шиаи огоҳе вазифа дорад, ки муддаиёни иртибот бо он ҳазрат ва ниёбати хос аз Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ-ро такзиб кунад ва роҳи нуфуз ва судҷўии ин фурсат талабон ва дунёхоҳонро бубанданд.
Баъзе аз ин дурўғгўён поро фаротар гузошта ва баъд аз иддаои ниёбат муддаии Маҳдавият шудаанд ва дар паи ин иддаои ботил мактаб ва фирқаи инҳирофиеро поярезӣ кардаанд ва заминаи инҳирофи эътиқодии шумори бисёреро фароҳам кардаанд, ки бо мутолиаи таърихчаи ин гурўҳҳо равшан мешавад, ки бисёре аз онҳо бо пуштибонӣ ва ҳимояти Амрико ва Ангилис ба вуҷуд омада ва ба ҳаёти худ идома додаанд.
Равшан аст, ки шаклгирии фирқаҳо ва гурўҳҳои мунҳариф ва пайвастану эътимод кардани баъзеҳо ба муддаиёни Маҳдавият ё ниёбати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ реша дар ҷаҳлу нодонии онҳо дорад. Шавқи фаровон ба дидори Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ бе маърифат ва огоҳии кофӣ нисбат ба он ҳазрат ва ғафлат аз вуҷуди маккорон дар ин майдон, заминасози иртибот бо муддаиёни дурўғине мешавад.
Бинобар ин шиаёни мунтазир, бояд бо огоҳии кофӣ аз маорифи ноби Маҳдавият худро аз доми маккорон ва найрангбозон ҳифз кунанд ва бо пайравӣ аз олимони мутааҳҳиди шиа дар роҳи равшани мактаб гом бардоранд.
https://ayandehroshan.ir/vdcd2x0k6yt0s.a2y.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما