-Қуръон
Қуръони Карим чашмаи зулоли нобтарин маорифи илоҳӣ ва мондагортарин ҳикматҳо ва донишҳои мавриди ниёзи башар аст. Китобе аст саросар ростӣ ва дурустӣ, ки хабарҳои оянда ва гузаштаи ҷаҳонро баён карда аст ва баёни ҳеҷ ҳақиқатеро боқӣ нагузошта аст. Албатта равшан аст, ки ҳаҷми бисёр густардаи ҳақиқатҳои олам дар ботини оёти илоҳӣ нуҳўфта аст ва танҳо онҳое, ки ба умқи маонии он даст ёбанд ба он воқеиятҳо пай хоҳанд бурд ва онҳо аҳли Қуръон ва муфассирони ҳақиқии он яъне Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва хонадони поки он ҳазрат ҳастанд.
Қиёму инқилоби охирин ҳуҷҷати илоҳӣ аз бузургтарин ҳақиқатҳои ҷаҳон аст, ки дар оятҳои фаровоне аз Қуръони Карим ба он ишора шуда ва ривоёти бисёре дар тафсири он оятҳо нақл гардида аст, ки ба чанд намуда ишора мекунем:
Дар сураи Анбиё ояти 105 омада аст:
"وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِن بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ".
“Ҳамоно дар Забур баъд аз Зикр (Таврот) навиштем, ки заминро бандагони шоистаи ман ба ирс хоҳанд бурд”.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуданд: “Мақсад аз бандагони шоиста, ки заминро ба ирс мебаранд, Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва ёрони ў ҳастанд”.
Ва низ дар сураи Қасас ояти панҷум мефармояд:
"وَنُرِيدُ أَن نَّمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ".
“Ва мо ирода кардем бар мустазъафони замин миннат гузорем ва онҳоро пешвоёни (мардум) ва ворисони замин қарор диҳем”.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: “Мақсад аз мустазъафон хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд. Худованд баъд аз талош ва ранҷашон Маҳдии ин хонадонро бар меангезад ва онҳоро ба авҷи шукўҳ ва иззат ва иқтидор мерасонад ва душманони онҳоро ба сахтӣ хору залил месозад”. (Дар китобҳои аҳли суннат бо чаҳор санад ҳадис ривоят шуда, ки дар он Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Бани Ҳошим ва ба хусус ба Имом Алӣ ва Имом Ҳасану Имом Ҳусайн салавотуллоҳи алайҳим фармуданд: “Шумо баъд аз ман заиф ва мустазъаф хоҳед шуд”. Ин ҳадис дар китобҳои “Муснад"-и Аҳмад ҷ.6.с.339. “Ансоб-ул-ашроф”-и Билозарӣ ҷ.2.с.224. Табақоти Ибни Саъд ҷ.8.с.278. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.с.34. "Канзул уммол" ҷ.11. с.177. Шавоҳидут танзили Ҳасаконӣ ҷ.1.с.555. ҳадиси 589-595-597 аз Имом Ҳусайн, Имом Содиқ ва Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва Уммул Фазл ривоят шудааст.)
Ҳам чунин дар бахше аз ояти 86 сураи Ҳуд омада аст, ки:
"...بَقِيَّةُ اللّهِ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ."
“Бақиятуллоҳ барои шумо беҳтар аст, агар мўъмин бошед.”
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Вақте (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) зуҳур кунад бар девори Каъба такя занад ва аввалин сухане, ки бар забон ҷорӣ мекунад ин оят аст. Сипас мефармояд:
"أنا بَقِيَّةُ اللّهِ في ارضه و خليفته و حجته عليكم".
“Ман бақиятуллоҳ дар замин ва ҷонишини ў ва ҳуҷҷати ў бар шумо ҳастам. Пас ҳар кӣ бихоҳад бар ў салом кунад бигўяд: “Ассалому алайка ё биқияталлоҳи фи арзиҳи”.
Ва дар сураи Ҳадид ояти 17 фармуда аст:
"اعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا قَدْ بَيَّنَّا لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ".
“Бидонед Худованд заминро баъд аз марги он зинда мекунад. Мо оёти (худ)-ро барои шумо баён кардем шояд, ки фикр бикунед ва биандешед”.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Мурод ин аст, ки Худованд заминро ба воситаи адолати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар даврони зуҳураш зинда хоҳад кард баъд аз он ки ба сабаби зулму ситами раҳбарони гумроҳӣ мурда бошад”.
2-Ривоёт
Мавзўи Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз мавзўоте аст, ки ривоёти бисёре дар мавриди он дар ихтиёри мост ба гунае, ки дар бораи марҳалаҳои мухталифи зиндагии он ҳазрат, монанди таваллуд, даврони кўдакӣ, ғайбати суғро ва кубро, аломатҳои зуҳур ва рўзгори зуҳур ва ҳукумати ҷаҳонӣ. Дар мавриди ҳар кадом ҷудогона аҳодисе аз пешвоёни динӣ вуҷуд дорад. Чунон, ки дар бораи хусусиятҳои зоҳирӣ ва ахлоқии он бузургвор, вижагиҳои даврони ғайбати он ҳазрат ва фазилату подоши мунтазирони зуҳураш маҷмўаи арзишманде аз ривоёт дорем ва ҷолиб ин ки бисёре аз ин ривоёт, ҳам дар кутуби шиа ва ҳам дар китобҳои аҳли суннат нақл шуда аст ва миқдори зиёде аз аҳодиси марбут ба Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мутавотир мебошад.
Гуфтанӣ аст, ки яке аз вижагиҳои қобили таваҷҷўҳи Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ он аст, ки ҳамаи маъсумин саломуллоҳи алайҳим дар бораи он ҳазрат суханони қобили таваҷҷўҳе эрод фармудаанд, ки маҷмўае аз маорифи огоҳӣ бахшро фароҳам карда аст ва аз аҳамияти фавқулодаи қиём ва инқилоби он парчамдори адолат ҳикоят мекунад. Муносиб аст дар ин ҷо аз ҳар як аз пешвоён ва имомони бузург саломуллоҳи алайҳим ривоятеро нақл кунем:
1-Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд:
“Хубо ба ҳоли касе, ки Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро бубинад ва хубо ба ҳоли он касе, ки ўро дўст бидорад ва хушо ба ҳоли он касе, ки ба имомати ў бовар дошта бошад.”
2-Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: “Мунтазири фараҷ (гушоиши Оли Муҳаммад саломуллоҳи алайҳим) бошед ва аз раҳмати Худо ноумед нашавед ҳамоно маҳбубтарини корҳо назди Худованди Мутаол интизори фараҷ (зуҳуру омадани Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ) аст.”
3-Дар Лавҳи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо омадааст: “... Сипас ба хотири раҳмат бар ҷаҳониён силсилаи авсиёро ба вуҷуди фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ комил ва пурра хоҳам кард, касе, ки камоли Мўсо ва шукўҳи Исо ва сабри Айюбро доро аст ...” (Ин ҳадис бо чандин санад ривоят шуда ва шавоҳиди он аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ санадаш саҳеҳ мебошад.)
4-Имом Ҳасани Муҷтабо зимни ривояте баъд аз баёни баъзе аз мушкилиҳои замони баъд аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Худованд дар охируз-замон мардеро бар меангезад... ва ўро ба василаи фариштагони худ пуштибонӣ мекунад ва ёронашро ҳифз мекунад... ва ўро бар ҳамаи сокинони замин пирўз ва мусаллат месозад... ў заминро аз адолат ва равшаноӣ ва далели ошкор пур мекунад... хушо ба ҳоли касе, ки рўзгори ўро бубинад ва сухани ўро бишнавад.”
5-Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“... Худованд ба василаи Ў (Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) заминро зинда мекунад баъд аз он ки мурда бошад ва ба василаи Ў дини ҳақро бар ҳамаи динҳо пирўз мегардонад ҳар чанд мушрикон хушашон наояд. Барои Ў ғайбате аст, ки гурўҳе дар он аз дин бармегарданд ва гурўҳи дигар бар дин устувор мемонанд... Ҳамоно касе, ки дар ғайбати Ў бар азиятҳо ва такзибҳо сабр бикунад, монанди касе аст, ки пеши рўи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо шамшер ҷиҳод карда бошад.” (Санади Ин ҳадис комилан саҳеҳ мебошад.)
6-Имом Саҷҷод саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Касе, ки дар даврони ғайбати Қоими мо бар дўстии мо собит қадам бошад Худованд подоши ҳазор шаҳид аз шаҳидони Бадру Уҳудро бар ў иноят фармояд.” (Санади ин ҳадис низ саҳеҳ мебошад.)
7-Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Замоне бар мардум меояд, ки имомашон ғоиб мешавад, пас хушо ба ҳоло он касе, ки дар он замон бар амри (имомату вилояти) мо собит бимонад...”
8-Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Барои Қоим саломуллоҳи алайҳ ду ғайбат аст яке аз онҳо кўтоҳ муддат ва дигарӣ дароз муддат аст.” (Ёдовар мешавем, ки мо куллан санадҳои ривоёти китоби “Ғайбати Нўъмонӣ”-ро, ки дар китоби ҳозир нақл шуда аст, мавриди баррасӣ қарор надодем ва ба ҳамин хотир дар мавриди санади аҳодиси манқул аз ин китоб назар надодем.)
9-Имом Козим саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Имом (Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) аз дидагони мардум пинҳон мешавад, вале ёди ў аз дилҳои мўъминин фаромўш намешавад.”
10-Имом Ризо саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Вақте Имом (Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) қиём кунад замин ба нури (вуҷуди) Ў равшан мешавад ва он бузургвор тарозуи адолатро байни мардум қарор медиҳад, пас касе ба дигарӣ зулм нахоҳад кард.”
11-Имом Ҷавод саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Қоими мо он касе аст, ки (мардум) бояд дар замони ғайбати (Ў) интизори зуҳури Ўро дошта бошанд ва вақте қиём мекунад ба фармони Ў гардан ниҳанд.”
12-Имом Ҳодӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Имоми баъд аз ман фарзандам Ҳасан ва баъд аз ў фарзандаш Қоим аст он касе, ки заминро пур аз адлу дод мекунад ҳамон гуна, ки пур аз зулму ҷур шуда бошад.”
13-Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Сипос Худоро, ки маро аз дунё набурд то он ки ҷонишини маро ба ман нишон дод. Ў аз назари офариниш ва ахлоқ шабеҳтарини мардум ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст...”
Бахши чаҳорум: Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар нигоҳи дигарон
Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон
Мавзўи Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва қиёму инқилоби ҷаҳонии он ҳазрат на танҳо дар китобҳои шиа, балки дар фарҳанги эътиқодии дигар фирқаҳои исломӣ низ баён гардида ва дар бораи он ҳазрат густарда баҳсу гуфтугў шуда аст. Онҳо низ ба вуҷуду зуҳури Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки аз хонадони поки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аз фарзандони ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо аст, мўътақиданд. Барои ошкор ва равшан шудани мизони бовари аҳли суннат ба Маҳдии Мавъуд саломуллоҳи алайҳ, бояд ба китобҳои донишмандони бузурги онҳо муроҷиа кард. Бисёре аз муфассирони аҳли суннат дар китобҳои тафсирии худ бо равшанӣ баён кардаанд, ки баъзе аз оятҳои Қуръон ба зуҳури ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар охируз-замон ишора дорад монанди Фахри Розӣ ва Қуртубӣ .
Ҳам чунин аксари муҳаддисони аҳли суннат аҳодиси марбут ба Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро дар китобҳои худ овардаанд, ки дар миёни онҳо мўътабартарин китобҳои аҳли суннат вуҷуд дорад монанди сиҳоҳи ситта ва Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал пешвои мазҳаби ҳанбалиҳо мебошад.
Баъзе дигар аз донишмандони аҳли суннат дар гузашта ва ҳол китобҳои мустақил ва ҷудогонае дар робита бо Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ навиштаанд монанди Абўнаими исфаҳонӣ дар маҷмўаи “Ал-Арбаин” (чиҳил ҳадис) ва Суютӣ дар китоби “Ал-Урфул вардӣ фи ахборил Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ”.
Матлаби қобили таваҷҷўҳ ин ки баъзе аз уламои аҳли суннат дар мақоми дифоъ аз ақидаи Маҳдавият ва радди мункирони ин ақида, китоб ва мақола навиштаанд ва бо баёноти илмӣ ва шавоҳиди ривоӣ ҷараёни Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро аз умури қатъӣ ва ғайри қобили инкор донистаанд. Ҳам чунин Муҳаммад Сиддиқ Ғумории мағрибӣ дар радди суханони Ибни Халдун китобе навишта ва ба шиддат аз ў интиқод кардааст.
Инҳо намунаҳое аз ҷойгоҳи аҳли суннат дар баробари масъалаи Маҳдавият мебошад.
Дар поёни ин бахш аз миёни садҳо ривоёт, танҳо ду ривоят нақл мекунем, ки дар китобҳои машҳур ва мавриди эътимоди аҳли суннат ривоят шудааст:
Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Агар аз умри дунё танҳо як рўз монда бошад ҳатман Худованд он рўзро тўлонӣ кунад то ин ки марде аз хонадони маро дар он барангезад, ки ҳам номи ман аст”.
Ва низ он ҳазрат фармуд:
“Қиёмат барпо намешавад то ин ки марде аз Аҳли Байтам қиём мекунад ва молики замин мешавад. Исмаш исми ман аст. Заминро пур аз адлу дод мекунад ҳамон гуна, ки пур аз зулму ситам шуда буд”. (Ин ҳадис бо санадҳои мухталиф аз Имом Алӣ, Ибни Масъуд, Умми Салама, Абўҳурайра, Абўсаид Худрӣ ва Қуррат ибни Аёс дар китобҳои: Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.13.с.284.р.5954. ҷ.15.с.236.р.6825. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.4.с.505.р.2230-2231. ”Муснад”-и Аҳмад ҷ.1. с.376-430-448.р.3571 то 3573-4098-4279. ”Сунан”-и Абўдовуд ҷ.4.с.106.р.4282. ”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.10.с.131-133 то 137.р.10208-10214 то 10230. ”Мўъҷам-ул-авсат” ҷ.7.с.54.р.6830.ҷ.8.с.178.р.8325. ”Мўъҷам-ус-сағир”-и Табаронӣ ҷ.2.с.289.р.1181. ”Муснад”-и Баззор ҷ.5.с.204-206.р.1803 то 1807-1832. ”Ҳилят-ул-авлиё” ҷ.5.с.75 ва дигарон ривоят шудааст.)
Гуфтанӣ аст, ки эътиқод ба зуҳури ислоҳкунанда ва наҷотдиҳанда, ки дар поёни дунё зуҳур карда ва ҷаҳонро пур аз адлу дод мекунад, як эътиқоди ҷаҳонӣ ва ҳамагонӣ аст ва пайравони ростини ҳамаи адёни осмонӣ бар асоси таълимоти китобҳои динии худ мунтазири қиёми он Мавъуди бузург ҳастанд. Дар китобҳои муқаддаси Забур, Таврот ва Инҷил ва низ китобҳои ҳиндуҳо ва зардуштиён ва барҳамоиён ба зуҳури наҷотдиҳандаи бузурги ҷаҳон ишора шудааст. Албатта ҳар миллате барои ў лақаби махсусе гуфтаанд. Зардуштиён ўро ба номи “Сушиёнс” яъне наҷотдиҳандаи ҷаҳон ва масеҳиён ба номи “Масеҳи мавъуд” ва яҳуд ба номи “Сарвари микоилӣ” мехонанд.
Бахше аз иборатҳои “Ҷомосбнома” аз китобҳои муқаддаси Зардуштиён чунин аст:
“Паёғамбари араб, охирин паёмбарон бошад, ки дар миёни кўҳҳои Макка пайдо шавад... ва бо бандагони Худо чиз хўрад ва бо равиши бандагон биншинад... ва дини ў шарифтарини динҳо бошад ва китоби ў ҳамаи китобҳоро ботил кунад... ва аз фарзандони духтари Паёмбар, ки хуршеди ҷаҳон ва шоҳи замон ном дорад, касе дар дунё бо ҳукми Яздон (Худо) подшоҳ шавад, ки охирин ҷонишини он Паёмбар бошад ... ва давлати ў то ба қиёмат муттасил бошад ...”