Зуҳури Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ шароит ва нишонаҳое дорад, ки аз онҳо ба унвони заминаҳои зуҳур ва аломатҳои он ёд мешавад. Фарқи ин ду он аст, ки заминаҳо дар таҳаққуқи зуҳур таъсири воқеӣ доранд ба гунае, ки бо фароҳам шудани онҳо зуҳури Имом саломуллоҳи алайҳ иттифоқ хоҳад афтод ва бе он зуҳур нахоҳад буд. Вале аломатҳо дар зуҳур нақше надоранд, балки танҳо нишонаҳое ҳастанд, ки ба василаи онҳо метавон ба асли зуҳур ва ё наздик шудани он пай бурд.
Бо таваҷҷўҳ ба фарқҳои ёд шуда ба хубӣ метавон дарёфт, ки заминаҳо ва шароит нисбат ба аломатҳо ва нишонаҳо аз аҳамияти бештар бархўрдоранд. Бинобар ин лозим аст, ки беш аз он ки аз паи аломатҳо бошем ба заминаҳо таваҷҷўҳ кунем ва дар ҳадди тавони худ дар таҳаққуқи онҳо бикўшем. Ба ҳамин хотир мо аввал заминаҳо ва шароити зуҳурро тавзеҳ медиҳем ва дар поён баъзе аз аломатҳои зуҳурро мухтасар хоҳем шумурд.