کد QR مطلبدریافت صفحه با کد QR

Заминаҳои зуҳур

11 مهر 1389 ساعت 14:15

...


Ҳар падидае дар ҷаҳон бо фароҳам омадани шароит ва заминаҳои он ба вуҷуд меояд ва бе таҳаққуқи заминаҳо имкони вуҷуд барои ҳеҷ мавҷуде нахоҳад буд. Ҳар замине қобилияти парвариши донаро надорад ва ҳар обу ҳавое муносиб бо рушди ҳар гиёҳ ва наботе нест. Вақте кишоварз метавонад интизори бардошти хуб аз заминро дошта бошад, ки шароити лозим барои ба даст омадани маҳсулро таҳия карда бошад.
Бар ин асос ҳар инқилоб ва рўйдоди иҷтимоӣ низ ба заминаҳо ва шароити он вобастагӣ дорад ҳамон гуна, ки инқилоби исломии Эрон низ бо фароҳам омадани муқаддамоти он ба пирўзӣ расид. Қиём ва инқилоби ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки бузургтарин ҳаракати ҷаҳонӣ аст низ пайрави ҳамин асл аст ва бе таҳаққуқи заминаҳо ва шароити он ба вуқуъ нахоҳад пайваст.
Мақсад аз ин сухан он аст, ки тасаввур нашавад амри қиём ва ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз робитаҳои ҳоким ба ҷаҳони офариниш мустасно аст (ҷудо аст ва фарқ дорад) ва ҳаракати ислоҳии он бузургвор аз роҳи мўъҷиза ва бе асбоб ва сабабҳои оддӣ ба самар мерасад. Балки бар асоси таълимоти Қуръонӣ ва пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим, суннати илоҳӣ бар ин қарор гирифта, ки умур ва корҳои олам аз роҳи табиӣ ва илалу асбоби оддӣ анҷом гирад.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Худованд имтиноъ дорад аз ин ки умурро ҷуз аз роҳи асбоби (он) фароҳам оварад.”
Ва дар ривояте аз Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ нақл шуда аст, ки шахсе ба он ҳазрат гуфт:
“Мегўянд замоне, ки Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ қиём кунад ҳамаи умур мувофиқи хостаи ў хоҳад шуд.” Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Ҳаргиз чунин нест. Савганд ба он зоте, ки ҷонам дар дасти ўст агар бино буд барои касе корҳо худ ба худ дуруст шавад ҳатман барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чунин мешуд.”
Албатта сухани боло ба ин маъно нест, ки дар қиёми бузурги Маҳдавӣ, кўмакҳои ғайбӣ ва осмонӣ вуҷуд нахоҳад дошт, балки мақсад ин аст, ки дар канори кўмакҳои илоҳӣ заминаҳо ва сабабҳо ва шароити оддӣ низ бояд фароҳам шавад.
Бо ин муқаддимаи аввал, бояд заминаҳои зуҳурро бишносем ва баъд дар роҳи таҳаққуқи он гом бардорем.
Муҳимтарин заминаҳои қиём ва инқилоби ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ чаҳор чиз аст, ки ҳар якро ҷудогона мавриди баррасӣ қарор медиҳем:
1-Тарҳи барнома
Равшан аст, ки ҳар қиём ва ҳаракати ислоҳӣ ба ду барнома ниёз дорад:
1-Барномаи ҷомеъ барои мубориза бо каҷравиҳои мавҷуд аз роҳи созмондеҳии беҳтари нерўҳо.
2-Қонуни комил ва муносиб бо ҳамаи ниёзҳои ҷомеа, ки зомини тамоми ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоӣ дар як низоми одилонаи ҳукуматӣ бошад ва ҳаракати рў ба рушди ҷомеаро барои расидан ба вазъияти ормонӣ, омода кунад.
Таълимоти Қуръони Карим ва суннати маъсумин саломуллоҳи алайҳим, ки ҳамон Исломи ноб (поку холӣ аз хурофотҳо) аст ба унвони беҳтарин қонун ва барнома дар ихтиёри Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ мебошад. Ва он ҳазрат бар асоси ин маншури ҷовиди илоҳӣ амал хоҳад кард китобе, ки маҷмўаи оёти он тавассути Худованди бузург, ки огоҳ ба тамоми ҷиҳоту заминаҳои ҳаёти одамӣ ва ниёзҳои моддӣ ва маънавии ўст, нозил шудааст. Бинобар ин инқилоби ҷаҳонии он ҳазрат аз назари барнома ва қонуни ҳукуматӣ дорои пуштувонаи бе назир аст ва бо ҳеҷ ҳаракат ва ҷунбиши ислоҳии дигар қобили муқоиса нест. Шоҳиди ин иддаҳо ин аст, ки ҷаҳони имрўз баъд аз таҷрибаи қонунҳои башарӣ ва заъфу сустии он иқрор ва эътироф карда аст ва кам-кам омодаи пазириши қонунҳои осмонӣ мешавад.
Олвин Тофлер мушовири сиёсатмадорони Амрико барои ҳалли ин бўҳрон ва ислоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ назарияи “мавҷи севвум” -ро ироа дода аст, вале ба ҳар ҳол эътирофҳои шигифтоваре дар ин замина дорад:
“Феҳристи мушкилоте, ки ҷомеаи мо (ғарб) бо он рў ба рў аст тамом шуданӣ нест. Бо дидани фурў пошии паёпаи ниҳодҳои тамаддуни санъатӣ дар ҳоли низоъ ба даруни ғарқоби бе кифоятӣ ва фасод, бўи ақабмондагии ахлоқии он низ машомро меозорад. Дар натиҷа мавҷи нохушнуде ва фишор барои тағйирот фазоро пур карда аст. Дар ҷавоб ба ин фишорҳо ҳазорон тарҳ ироа мешавад, ки ҳамагӣ иддао доранд асосӣ ва бунёдӣ ва ё ҳатто инқилобӣ ҳастанд. Аммо борҳо ва борҳо муқаррарот ва қавонин, тарҳҳо ва дастурул амалҳои нав –ки ҳамагӣ барои ҳалли мушкилоти мо таҳия ва тадвин шудаанд- дуруст мекунанд ва бар сахтар шудани мушкилоти мо меафзоянд ва ин эҳсоси нотавонӣ ва ноумедиро доман мезананд, ки ҳеҷ фоидае надорад ва муассир нест. Ин эҳсос барои ҳар низоми демократие хатарнок аст ва ниёзи шадид ба вуҷуди марди савори бар асби сафеди зарбул масалҳоро ҳар чӣ бештар доман мезанад.”
2-Раҳбарӣ
Дар ҳамаи қиёмҳо ниёз ба раҳбар аз ибтидоитарин заруратҳои қиём шумурда мешавад ва ҳар чӣ қиём васеътар ва дорои ҳадафҳои баландтар бошад, ниёз ба раҳбари тавоно ва муносиб бо он ҳадафҳо, бештар эҳсос мешавад.
Дар роҳи муборизаи ҷаҳонӣ бо зулму ситам ва ҳоким шудани адолат ва баробарӣ дар кураи замин вуҷуди раҳбари огоҳ ва тавоно ва дилсўз, ки аз мудирияти саҳеҳ ва қотеъ бархўрдор бошад, рукни аслӣ ва асосии инқилоб аст. Ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки усораи анбиё ва авлиё аст ба унвони раҳбари ин қиёми бузург зинда ва ҳозир аст. Ў танҳо раҳбаре аст, ки ба далели иртибот бо олами ғайб ба ҳамаи ҳастӣ ва робитаҳои мавҷуд дар он огоҳии комил дорад ва донотарини инсонҳои замон худ аст.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Огоҳ бошед, ки Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ вориси тамоми илмҳо аст ва бар тамоми донишҳо иҳота дорад.”
Ў ягона раҳбаре аст, ки аз ҳамаи қайду бандҳо озод буда ва танҳо дил дар гарави ризояти офаридгор дорад.
Бинобар ин, қиём ва ҳукумати ҷаҳонӣ аз назари раҳбар ва пешво низ дар беҳтарин шароит қарор дорад.
3-Ёрон
Яке дигар аз заминаҳо ва шароити лозим барои таҳаққуқи зуҳур, вуҷуди ёрони шоиста ва лоиқ барои пуштибонӣ аз қиём ва анҷоми корҳои ҳукумати ҷаҳонӣ аст. Бадеҳӣ аст вақте инқилоби ҷаҳонӣ ба василаи раҳбари осмонӣ рух медиҳад, ёварони муносиб бо онро мехоҳад ва ин гуна нест, ки ҳар ки иддаои ёварӣ кунад битавонад дар он майдон ҳузур пайдо кунад.
Дар ин маврид ба достони зер таваҷҷўҳ кунед:
Яке аз шиаёни Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ ба номи Саҳл ибни Ҳасани хуросонӣ ба он ҳазрат мегўяд:
“Чӣ чиз шуморо боздошта аз ин ки ҳаққи мусаллами худ (ҳукумат)-ро ба даст гиред дар ҳоле, ки сад ҳазор шиа по дар рикоб ва шамшерзан дар ихтиёри шумост? Имом саломуллоҳи алайҳ дастур медиҳанд то танури оташе омада шавад ва вақте шўълаҳои оташ боло мегирад ба Саҳл мефармояд: Эй хуросонӣ бархез ва дар танур биншин. Саҳл, ки гумон карда, ки Имом саломуллоҳи алайҳ аз ў хашмгин шуда, шурўъ ба узрхоҳӣ мекунад ва мегўяд: Мавло маро бубахшед ва ба оташ шиканҷаам накунед!! Имом мефармояд: Аз ту гузаштам.
Дар ин ҳол Ҳоруни Маккӣ аз шиаёни ростини он ҳазрат ворид мешавад ва салом мекунад. Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ ба ў ҷавоб медиҳад ва бе ҳеҷ муқаддимае ба ў мефамояд: Ба даруни танур биншин!
Ҳоруни Маккӣ бе даранг ва бе ҳеҷ саволе ин корро анҷом медиҳад! Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар ҳамон ҳол бо Саҳли хуросонӣ гуфтугў мекунад ва дар бораи Хуросон хабарҳое медиҳад чунон, ки гўё худ шоҳиди он буда аст ва баъд аз муддате ба Саҳл мефармояд: Бархез эй харосонӣ дохили танурро нигоҳ кун! Саҳл баланд шуда дохили танурро нигоҳ мекунад ва Ҳорунро мебинад, ки дохили шўълаҳои оташ чаҳорзону нишаста аст!
Онгоҳ Имом саломуллоҳи алайҳ аз ў мепурсад: Дар Хуросон чанд нафар монанди Ҳорунро мешиносӣ? Саҳли хуросонӣ мегўяд: Ба Худо савганд як нафар ҳам мисли ўро суроғ надорам. Ҳазрат мефармояд: Огоҳ бош! Мо дар замоне, ки панҷ нафар ёвар ва пуштибон пайдо накунем қиём намекунем. Мо беҳтар медонем, ки кадом замон, замони қиём аст.”
Бинобар ин, ҷо дорад сифатҳо ва вижагиҳои ёрони Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро дар оинаи ривоёти пешвоёни динӣ мурур бикунем, то ба ин васила ҷойгоҳи худро шинохта ва дар паи бар тараф кардани камбудиҳои худ бошем.
1-Маърифат ва итоат
Ёрони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз шинохти амиқ нисбат ба Худованд ва имоми худ бархўрдоранд ва бо огоҳии комил дар майдони ҳақ ҳузур ёфтаанд.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар бораи онҳо фармуда аст:
“Мардоне, ки Худоро чунон, ки шоиста аст, шинохтаанд.”
Шинохт ва эътиқоди онҳо нисбат ба Имом низ дар умқи вуҷудашон реша давонда ва саросари вуҷудашонро фаро гирифта аст. Ва ин шинохте аст, болотар аз донистани ному нишон ва насаби Имом. Маърифату нишохт ба ҳаққи вилояти Имом ва ҷайгоҳи волои ў дар олами ҳастӣ аст ва ин ҳамон маърифате аст, ки онҳоро саршор аз муҳаббати ў карда ва мутеъ ва гўш ба фармони ў қарор дода аст, чун ки медонанд сухани Имом сухани Худо ва итоат аз ў итоат аз Худост.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар тавсифи онҳо фармуда аст:
“Онҳо дар итоат аз имоми худ мекўшанд.”
2-Ибодат ва салобат
Ёрони Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ дар ибодат, аз пешвои худ улгу гирифтаанд ва рўзҳову шабҳоро бо зикри ширини ҳақ мегузаронанд. Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар бораи онҳо мефармояд:
“Шабҳоро бо ибодат ба субҳ мерасонанд ва рўзҳоро бо рўза ба поён мебаранд.” Ва дар сухани дигар фармуд:
“Бар фарози асбҳо Худоро тасбеҳ мегўянд.”
Ва ҳамин зикри Худост, ки аз онҳо мардони оҳанин сохта аст, ки ҳеҷ чиз салобату устувории онҳоро аз байн намебарад. Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар бораи онҳо фармуд:
“Онҳо мардоне ҳастанд, ки гўё дилҳояшон пораҳои оҳан аст.”
3-Ҷон нисорӣ ва шаҳодат талабӣ
Маърифати амиқи ёрон нисбат ба Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дилҳои онҳоро пур аз ишқи ба Имом мекунад, бинобар ин дар майдони ҷангу мубориза он ҳазратро монанди нигине дар миён мегиранд ва ҷони худро сипари балои Ў мекунанд.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“(Ёрони Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) Дар майдони ҷанг дар атрофи ў мечарханд ва бо ҷони худ аз ў муҳофизат мекунанд.”
Ва низ фармуд: “Онҳо орзу мекунанд, ки дар роҳи Ў ба шаҳодат бирасанд.”
4-Шуҷоат ва далерӣ
Ёрони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ монанди мавлояшон афроди шуҷоъ ва мардони пулодин ҳастанд. Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар васфи онҳо фармуд:
“Ҳамаи онҳо шероне ҳастанд, ки аз бешаҳо берун шудаанд ва агар ирода кунанд кўҳҳоро аз ҷой мекананд.”
5-Сабру бурдборӣ
Бадеҳӣ аст, ки мубориза бар зидди зулми ҷаҳонӣ ва барқарории ҳукумати адли ҷаҳонӣ бо ранҷу машаққатҳои фаровон ҳамроҳ аст ва ёрони Имом дар роҳи таҳаққуқи ҳадафҳои ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мушкилот ва ногувориҳоро ба ҷон мехаранд, вале аз сари ихлос ва тавозўъ амали худро ночиз мешуморанд.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Онҳо гурўҳе ҳастанд, ки ба хотири сабру бурдборӣ дар роҳи Худо, бар Худованд миннат намегузоранд. Ва аз ин ки ҷони худро тақдими остони ҳазрати ҳақ мекунанд ба худ намеболанд ва онро бузург намешуморанд.”
6-Иттиҳод ва ҳамдилӣ
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар тавсифи иттиҳоду ҳамдилии ёрони Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ чунин мефармояд:
“Онҳо якдил ва ҳамоҳанг ҳастанд.”
Ин ҳамдилӣ ба сабаби он аст, ки худхоҳиҳо ва хостаҳои шахсӣ дар вуҷуди онҳо нест. Онҳо бо эътиқоди саҳеҳ дар зери як парчам ва барои як ҳадаф қиём мекунанд ва ин худ яке аз сабабҳои пирўзии онҳо бар лашкари муқобили худ мебошад.
7-Зўҳд ва порсоӣ
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар васфи ёрони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ фармуда аст:
“Ў аз ёронаш байъат мегирад, ки тилло ва нуқрае (моли дунё) ва гандуму ҷаве ҷамъоварӣ ва захира накунанд.”
Онҳо ҳадафҳои баланде доранд ва барои ҳадафи бузурге бархостаанд ва моддиёти дунё набояд онҳоро аз ҳадафҳо ва ормонҳо боз дорад. Бинобар ин онҳое, ки бо ризқу барқи дунё чашмонашон хира мешавад ва дилҳояшон меларзад, дар миёни ёрони махсуси Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ҷое надоранд.
Он чӣ гузашт бахше аз вижагиҳои ёрони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ буд ва ба хотири бархўрдорӣ аз ин хусусиятҳо дар ривоёт аз онҳо ба бузургӣ ёд шуда аст ва пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим забон ба ситоишу бузургдошти онҳо кушодаанд:
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар васфи онҳо фармуда аст:
"اولئك هم خيار الاُمّة".
“Онҳо беҳтарини уммати (ман) ҳастанд.”
Ва дар сухани дигар Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ фармуда аст:
"فبابي وامي من عدة قليلة اسمائهم في الارض مجهولة".
“Падару модарам фидои ин гурўҳи андаке бод, ки дар замин гумном ва шинохта нашудаанд.”
Албатта ёрони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мутобиқи лаёқат ва шоистагиҳо дар радаҳои мухталиф қарор мегиранд ва дар ривоёт омада аст, ки он ҳазрат илова бар 313 нафар ёрони вижа, ки кадрҳои аслии қиёмро ташкил медиҳанд аз лашкари даҳ ҳазор нафарӣ низ бархўрдор аст ва ба илова гурўҳи азими мўъминони мунтазир ба ёрии он ҳазрат хоҳанд шитофт.
4-Омодагии умумӣ
Дар замонҳои мухталифи таърихи имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим ин ҳақиқат мушоҳида мешавад, ки мардум аз омодагии лозим барои истифодаи беҳтар аз ҳузури имомро надоштанд. Онҳо дар замонҳои гуногун файзи ҳузури имоми маъсумро қадр надонистанд ва аз замзами ҷории ҳидоятҳои Ў он чунон, ки мебоист баҳра набурданд. Худованди Мутаол охирин ҳуҷҷати ҳақро пинҳон намуд, то ҳар замоне, ки омодагии умумӣ барои пазириши Ў фароҳам шуд, ошкор гардад ва ҳамагонро аз сарчашмаи маорифи илоҳӣ сероб кунад.
Бинобар ин омода будани ҷомеа аз шароити бисёр муҳим барои зуҳури муслиҳи Мавъуд аст. Чаро, ки бо вуҷуди омодагӣ аст, ки ҳаракати ислоҳии он ҳазрат ба натиҷаи матлуб хоҳад расид.
Дар Қуръони Карим дар бораи гурўҳе аз Бани Исроил, ки аз зулму ситами Ҷолут, ки фармондеҳи ситамгар буд ба дод омада буданд, омада аст, ки аз паёмбари замони худ хостанд, барои онҳо фармондеҳеро интихоб кунад, то зери фармони ў бо Ҷолут биҷанганд.
"أَلَمْ تَرَ إِلَى الْمَلإِ مِن بَنِي إِسْرَائِيلَ مِن بَعْدِ مُوسَى إِذْ قَالُواْ لِنَبِيٍّ لَّهُمُ ابْعَثْ لَنَا مَلِكًا نُّقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللّهِ قَالَ هَلْ عَسَيْتُمْ إِن كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِتَالُ أَلاَّ تُقَاتِلُواْ قَالُواْ وَمَا لَنَا أَلاَّ نُقَاتِلَ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَقَدْ أُخْرِجْنَا مِن دِيَارِنَا وَأَبْنَآئِنَا فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ تَوَلَّوْاْ إِلاَّ قَلِيلاً مِّنْهُمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ".
“Оё мушоҳида накардӣ ҷамъе аз Бани Исроилро баъд аз Мўсо, ки ба паёмбари худ гуфтанд: Фармондеҳе барои мо интихоб кун то (зери фармони ў) дар роҳи Худо биҷангем. (Паёмбари онҳо) Гуфт: Шояд агар дастури ҷанг ва ҷиҳод ба шумо дода шавад (сарпечӣ кунед ва) дар роҳи Худо ҷиҳод ва пайкор накунед. Гуфтанд: Чӣ гуна мумкин аст, ки дар роҳи Худо наҷангем дар ҳоле, ки аз хонаҳо ва фарзандонамон ҷудо ва ронда шудаем (ва шаҳрҳои мо ба василаи душман ишғол ва фарзандонамон асир шудаанд)? Аммо вақте, ки дастури ҷанг (ва ҷиҳод) ба онҳо дода шуд, ҷуз шумори каме аз онҳо ҳама сарпечӣ карданд. Ва Худованд аз ситамкорон огоҳ аст.”
Хостани фармондеҳ барои ҷанг як навъ омодагиро дар онҳо нишон медод, агар чӣ шумори фаровоне дар байни роҳ суст шуданд ва шумори каме то поёни мубориза монданд.
Пас, амри зуҳур замоне аст, ки ҳама аз умқи ҷон хоҳони адолати иҷтимоӣ, амнияти ахлоқӣ ва равонӣ ва рушди шукўфоии маънавӣ бошанд. Вақте мардум аз бе адолатиҳо ва табъиз дармонда шаванд ва бубинанд, ки ошкоро ҳуқуқи заифон ба василаи соҳибони қудрат ва сарват поймол мешавад ва имконоти моддӣ махсуси гурўҳи ба шуморе аст ва дуруст дар ҳамон замон, ки бисёре аз афроди ҷомеа ниёзманди нони шаб ҳастанд, гурўҳи дигар барои худ кохҳо месозанд ва дар маҳфилҳои худ ҳазинаҳои фаровони ғазоӣ ва рафоҳӣ ба бор меоваранд дар чунин муҳите, ташнагии адолатхоҳӣ ба авҷ мерасад.
Замоне, ки фасоди ахлоқӣ дар анвои мухталиф ривоҷ пайдо кунад ва афрод дар анҷоми корҳои зидди ахлоқӣ бар якдигар пешӣ бигиранд, балки ба аъмоли зишти худ ифтихор кунанд ва ё чунон аз усули илоҳӣ ва инсонӣ фосила бигиранд, ки баъзе аз амалҳои хилофи иффатро қонунӣ карда ва дар натиҷа низоми асили хонаводаро суст кунанд ва фарзандони бе сарпарастро ба домани иҷтимоъ бирезанд, иштиёқ ба зуҳури пешвое, ки ҳокимияти ў амният ва саломатии ахлоқӣ ва равониро таҷриба кунанд, вале аз зиндагӣ ва ҳаёти худ розӣ набошанд ва дар паи ҷаҳоне бархўрдор аз маънавият бошанд, ташнаи обшори луфти Имом саломуллоҳи алайҳ мешаванд.
Бадеҳӣ аст, ки шавқи дарки ҳузури Имом, замоне ба авҷ мерасад, ки башарият бо таҷриба кардани давлатҳо ва низомҳои мухталифи башарӣ ба ин ҳақиқат бирасад, ки танҳо наҷотдиҳандаи олам аз фасод ва табоҳӣ, халифа ва ҷонишини Худо дар замин ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аст ва ягона барномае, ки ҳаёти поку таййибаро барои инсонҳо ба бор меоварад, қавонини илоҳӣ аст. Бинобар ин бо ҳама вуҷуд ниёз ба Имомро дарк кунанд ва ба дунболи ин дарк, барои фароҳам шудани заминаҳои зуҳури он ҳазрат талош кунанд ва чизҳоеро, ки дар сари роҳ монеъ ҳастанд аз байн бардоранд. Ва дар ин замон аст, ки фараҷ ва кушоиш фаро мерасад.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар васфи охируз замон ва даврони пеш аз зуҳур фармуд:
“(Замоне мерасад), ки инсони мўъмин ҳеҷ паноҳгоҳе намеёбад, ки аз зарари зулму табоҳӣ ба он паноҳ барад, пас (дар он замон) Худованди Мутаол марде аз хонадони маро бар меангезад.”


کد مطلب: 539

آدرس مطلب :
https://www.ayandehroshan.ir/article/539/заминаҳои-зуҳур

آینده روشن
  https://www.ayandehroshan.ir