Баъд аз ошноӣ бо ҳадафҳои ҳукумат, бояд ба баррасии барномаҳои ҳукумат барои расидан ба ҳадафҳои ёд шуда бипардозем, то зимни шинохти роҳҳои фаъолиятҳо дар даврони сабзи зуҳур, улгуе барои даврони пеш аз зуҳур тарсим шавад. Ва касоне, ки мунтазири зуҳури мунҷии бузурги олам ҳастанд бо равишҳои ҳукуматӣ ва барномаҳои иҷроии Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ошно гардида ва худ ва ҷомеаро барои паймудани чунин роҳе омода кунанд
Бо истифода аз ривоёти фаровоне, ки дар бораи даврони ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мавҷуд аст се меҳвари асосии барномаҳои он ҳукумат иборатанд аз: Барномаҳои фарҳангӣ, барномаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои иқтисодӣ.
Ба баёни дигар ҷомеаи башарӣ, ки ба хотири дурӣ аз таълимоти ноби Қуръон ва сираи пешвоёни бар ҳаққи динӣ ба ақабмондагии фарҳагии ҷомеа гирифтор шуда аст, лозим аст дар сояи як инқилоби фарҳангии бузург, ба домани Қуръон ва Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам баргардонида шавад.
Ҳам чунин лузуми як “барномаи ҷомеъи иҷтимоӣ” ба ин хотир аст, ки захмҳои гуногуни пайкари иҷтимоъ, даво гардад ва барномаҳои саҳеҳе, ки зомини ҳаёти воқеии ҷомеа ва бархўрдории ҳамагон аз ҳуқуқи илоҳӣ ва инсонӣ аст ба ҷои равишҳои золимона, ки ҷомеаро ба ҳарҷу марҷ ва фасод ва табоҳӣ ва аз байн рафтани ҳуқуқи мустазъафон кашонида аст, қарор гирифта ва иҷро шавад.
Барои фароҳам шудани заминаҳои фарҳангии воло ва олӣ ва рушди иҷтимоӣ, барномаҳои иқтисодӣ низ зарурат дорад, то зимни он аз тамомии имконоти моддии заминӣ ба шакли одилона ва дар бистари муносиб истифода шавад. Ба баёни дигар ин ки бо баҳрагирии беҳтар аз бахшишҳо ва ҳадяҳои табиӣ, рушди иқтисодӣ ва таъмини зиндагӣ барои ҳамаи табақаҳо ва дар ҳамаи муҳитҳо, имкон пазир гардад.
Пас аз баёни иҷмолии ҳукумати Имоми дувоздаҳум ҳазрати Маҳди саломуллоҳи алайҳ ба баррасии муфассали онҳо бар асоси ривоёти маъсумин саломуллоҳи алайҳим мепардозем ва муҳимтарин барномаҳои он ҳазратро дар ҳар бахш мавриди баҳс қарор медиҳем:
А-Барномаи фарҳангӣ
Дар ҳукумати ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ тамомии фаъолиятҳои фарҳангӣ, дар ростои рушду таолии илмӣ ва амалии мардум хоҳад буд ва бо ҷаҳлу нодонӣ дар ҳамаи заминаҳо муқобила хоҳад шуд.
Муҳимтарин меҳварҳои ҷиҳоди фарҳангӣ дар ҳукумати ҳаққаи Имом Замон саломуллоҳи алайҳ иборатанд аз:
1-Зинда кардани китоб ва суннат:
Баъд аз он ки дар ҳамаи асру замонҳо Қуръон ғариб ва танҳо монда ва дар канори зиндаги ба фаромўшӣ супурда шуда буд, дар замони ҳукумати охирин ҳуҷҷати илоҳӣ таълимоти ҳаётбахши Қуръон ба тамомии арсаҳову заминаҳои зиндагии башар ворид мешавад. Ва суннат, ки ҳамон гуфтор ва рафтори пешвоёни динӣ аст дар ҳама ҷо ба унвони беҳтарин улгуи ҳаёти инсонӣ матраҳ мегардад ва амалкарди ҳамагон бо меъёри хадшанопазири Қуръон ва Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам арзёбӣ мешавад.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар баёне расо ҳукумати Қуръонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро ин гуна тавсиф мекунад:
“Дар рўзгоре, ки ҳавои нафс ҳукумат мекунад (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ зуҳур мекунад ва) ҳидоят ва растагориро ҷойгузини ҳавои нафс месозад ва дар асре, ки назари шахсӣ бар Қуръон муқаддам шуда аст, фикрҳоро мутаваҷҷеҳи Қуръон месозад ва онро бар ҷомеа ҳоким мегардонад.”
Ва низ дар баёни дигар, он ҳазрат даврони зуҳури Қуръон ва ҳузури онро дар зиндагии башар чунин башорат дода аст:
“... Гўё ҳам акнун шиаёни худро мебинам, ки дар масҷиди Кўфа хаймаҳо задаанд ва Қуръонро ҳамон гунае, ки нозил шуда ба мардум таълим медиҳанд...”
Ва ёд додану ёд гирифтани Қуръон нуқтаи саршавие барои тарвиҷи фарҳанги Қуръонӣ ва ҳокимияти Қуръон ва аҳкоми он дар ҳамаи ҳавзаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ аст.
2-Густариши маърифат ва ахлоқ
Қуръони Карим ва таълимоти Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим бар рушди ахлоқӣ ва маънавии башар бештарин таъкидро карда аст, чун ки муҳимтарин сабаби рушду таолии инсон ба сўи ҳадафи баланди хилқат ҳатман ахлоқи некў мебошад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳадафе аз паёмбарии худро комил кардани макорими ахлоқ мешуморад ва Қуръон низ он бузургворро беҳтарин улгуи рафторӣ барои ҳамаи мардум муаррифӣ мекунад. (Ишора аст ба ояти «Лақад кона лакум фи Расулиллоҳи усватун ҳасанатун” “Ва барои шумо дар Расули Худо улгуи некўе аст.” Сураи Аҳзоб ояти 21.)
Вале бо камоли таассуф ба воситаи дурии башар аз роҳнамоиҳои Қуръон ва Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ақабмондагии ахлоқӣ дар ҳамаи заминаҳо дар ҷомеаҳои башарӣ ва ба хусус ҷомеаи муслимин ошкор гардида аст. Ва ҳамин инҳироф ва каҷравӣ аз арзишҳои ахлоқӣ аз сабабҳои муҳимми вайрон кардани ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо шудааст.
Ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки ҳукумати Худо ва арзишҳои илоҳӣ бар ҷаҳон аст, тарвиҷи арзишҳои ахлоқиро дар раъси барномаҳои худ қарор хоҳад дод.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
"اذا قام قائمنا وضع يده على رؤُوس العباد و جمع به عقولهم و اكمل به اخلاقهم".
“Замоне, ки қоими мо қиём кунад дасти худро бар сари бандагон хоҳад гузошт ва ақҳои онҳоро ҷамъ хоҳад кард ва ахлоқи онҳоро ба камол хоҳад расонд.”
Аз ин таъбири кинояомез ва зебо фаҳмида мешавад, ки дар сояи ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки ахлоқ ва маънавият аст, бистари муносиб барои камоли ақлӣ ва ахлоқии башар фароҳам хоҳад омад, чун ҳамон гуна, ки ахлоқи паст аз норасоии ақл ва хиради одамӣ аст, камоли ақл сабаби буруз ва зуҳури ахлоқи некў дар инсон хоҳад буд.
Аз сўи дигар муҳити пур аз ҳидоятҳои Қуръонӣ ва суннатҳои илоҳӣ одамиро ба сўи хубиҳо равона мекунад. Бинобар ин аз дарун ва берун ҳамаи кашишҳо ба сўи фазилатҳо ва зебоиҳост ва ин гуна аст, ки арзишҳои илоҳӣ ва инсонӣ ҳама ҷои ва оламгир мешавад.
3-Наҳзати илмӣ
Яке аз барномаҳои фарҳангии ҳукумати Имом Маҳдӣ алайҳисӣсалом, ки худ манбаи илмҳо ва саромади ҳамаи олимони замони худ аст наҳзати илмӣ ва дониши башарӣ ба гунаи чашмгир ва бе собиқа аст.
Вақте Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки башорати омадани Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро дода аст ба ин бахш аз иқдоми он ҳазрат низ ишора фармуд аст:
“...Нуҳумин Имом аз фарзандони Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ Қоими онҳо аст, ки Худованд бо дасти Ў ҳамаи заминро аз равшаноӣ пур мекунад баъд аз он ки аз зулм ва ҷур пур шуда бошад. Ва саросари оламро аз илм ва доноӣ баҳраманд месозад баъд аз он ки гирифтори ҷаҳлу нодонӣ шуда бошанд.”
Ва ин ҷунбиши илмӣ ва фикрӣ барои ҳамаи қишрҳо ва табақоти ҷомеа аст ва дар ин шукўфоӣ фарқе байни марду зан нест. Балки занон низ ба рутбаҳои баланди илмӣ ва диншиносӣ мерасанд.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
"ما هدم الدين مثل البدع".
“Ҳеҷ ҷиз монанди бидъатҳо динро вайрон ва табоҳ накарда аст.”
Ва ба ҳамин далел аст, ки дар муқобили бидъатгузорон, суннат мадорон бояд қиём кунанд ва парда аз найрангу фиреби онҳо бардоранд ва роҳи нодурусти онҳоро барои мардум ошкор кунанд ва ба ин равиш аз гумроҳии мардум пешгирӣ кунанд.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Ҳар гоҳ бидъатҳо дар миёни умматам ошкор шаванд бар олим лозим аст, ки илму дониши худро ошкор созад, ҳар кас чунин накунад нафрини Худо бар Ў бод.”
Бо таассуф бояд гуфт, ки баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва роҳи равшани он ҳазрат чӣ бидъатҳоеро дар дин нагузоштанд ва чӣ инҳирофот ва каҷиҳоеро дар роҳи диндорӣ ба вуҷуд наоварданд ва чӣ гумроҳиҳоеро ба рўи мардум боз накарданд! Ва ба ин шакл чеҳраи динро вожгуна сохтанд ва рухсори тобноки динро бо ҳиҷобҳои ҳавои нафсҳо ва салиқаҳои шахсӣ пўшонданд ва ҳар чанд имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим ва аз паи онҳо олимони дин кўшиданд, вале ҳам чунон роҳи бидъатгузорӣ ва суннат сўзӣ боз монд ва дар даврони ғайбат ин равиш бештар шуд.
Ва акнун олам дар интизор аст, ки соҳиби мактаб ва наҷотдиҳандаи башар ва ваъдаи Қуръон ҳазрати Маҳдӣ алаҳис-салом биёяд ва дар соясори ҳукумати Ў суннатҳо зинда гардида ва бидъатҳо барчида шавад. Ва бе шак дар раъси барномаҳои ислоҳии он ҳазрат мубориза бо бидъатҳо ва гумроҳиҳо қарор дорад, то заминаҳои ҳидоят ва рушд ва таолии башар фароҳам гардад.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ дар зимни сухане баланд дар тавсифи замони зуҳури он ҳазрат фармуд:
"...و لا يترك بدعةً الا ازالها و لا سنةٌ الا اقامها".
“Ҳеҷ бидъатеро вонагузорад, магар ин ки онро аз реша биканад ва аз ҳеҷ суннате намегузарад, магар ин ки онро бар по хоҳад кард.”
Б-Барномаи иқтисодӣ
Аз шохисаҳои як давлати солим, иқтисоди солим аст. Агар аз манобеи сарват дар ҷомеа дуруст истифода шавад ва имконоти тавлид ва тавзеъ дар ихтиёри гурўҳи хоссе набошад, балки ҳукумат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа таваҷҷўҳ карда ва барои ҳама имкони баҳрагирӣ аз сармояҳоро фароҳам кунад, ҷомеае сохта мешавад, ки имкони рушди маънавӣ низ дар он бештар аст. Дар Қуръони Карим ва ривоёти маъсумин саломуллоҳи алайҳим низ ба ҷанбаи иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум таваҷҷўҳ шуда аст. Бинобар ин дар ҳукумати Қуъонии ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ барои иқтисоди ҷаҳон ва мардуми он барномаи матлубе тадвин шуда аст, ки бар асоси он аввалан амри тавлид сомон меёбад ва аз манобеи табиӣ ва мавоҳиби Худоӣ беҳтарин баҳрабардорӣ хоҳад шуд ва сониян сарвати ба даст омада ба шакли одилона байни ҳамаи табақаҳои ҷомеа тавзеъ хоҳад шуд.
Ба ҷо аст ба ривоятҳо ним нигоҳе биандозем ва иқтисоди даврони ҳокимияти Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ-ро бишносем.
1-Баҳрабарӣ аз манобеи табиӣ
Яке аз мушкилоти бахши иқтисод, истифода накардани саҳеҳ ва ба ҷо, аз неъматҳои бахшидаи илоҳӣ аст. На аз тамоми зарфияти хок истифода мешавад ва на об ба дурустӣ дар роҳи зинда кардани замин баҳрабардорӣ мегардад. Дар замони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва ба баракати ҳукумати ҳаққаи он ҳазрат осмон саховатмандона меборад ва замин бе дареғ бор медиҳад.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
"... و لو قد قام قائمنا لأَنزلت السماء قطرها و لأَخرجت الارض نباتها...".
“... Ва вақте Қоими мо қиём кунад, осмон борон мерезад ва замин гиёҳ берун меоварад ...”
Дар замони ҳокимияти охирин ҳуҷҷати ҳақ ҳамаи замин ва имконоти он дар ихтиёри Имоми хубон қарор мегирад, то сармояи калон барои пайрезии иқтисоди солим фароҳам шавад.
"...تُطوى له الارض وتظهر له الكنوز".
“Замин барои Ў печида мешавад (дар лаҳзае аз ҷое ба ҷои дигар меравад) ва тамоми ганҷҳои он барои Ў ошкор мегардад.”
3-Тақсими одилонаи сарват
Аз муҳимтарин сабабҳои иқтисоди бемор дар ҷомеаҳои башарӣ, захира шудани сарват назди гурўҳи хоссе аст. Ҳамеша ин гуна буда аст, ки афрод ё ҷамъиятҳое, ки барои худ –ба ҳар далел- имтиёз ва бартарие қоил будаанд бар анборҳои сарвати умумӣ чанг зада ва онро дар роҳи манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳӣ ба кор бурдаанд. Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бо инҳо муқобила хоҳад кард ва сарвати ҳамагониро дар ихтиёри ҳамагон хоҳад гузошт ва адолати Алавиро ба ҳама нишон хоҳад дод.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
"اذا قام قائم اهل البيت قسَّم بالسوية و عدل في الرَّعية ...".
“Вақте Қоими хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам қиём кунад (амволро) баробар тақсим мекунад ва дар миёни халқ ба адолат рафтор мекунад.”
Дар замони он ҳазрат асли мусовот ва баробарӣ иҷро карда мешавад ва ҳамагон аз ҳуқуқи илоҳӣ ва инсонии худ баҳраманд мешаванд.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Шуморо ба Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ башорат медиҳам, ки дар уммати ман барангехта хоҳад шуд ... Ў амволро ба дурустӣ тақсим мекунад. Касе пурсид: Мурод чист? Фармуд: Яъне байни мардум мусовот ва баробариро иҷро мекунад.”
Ва аз раҳоварди ин баробарӣ дар сатҳи ҷомеа ин аст, ки фақру ва таҳидастӣ решакан гардида ва фосилаҳои табақотӣ барчида мешавад.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“... Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ миёни мардум ба баробарӣ рафтор мекунад ба гунае, ки касе пайдо нашавад, ки ниёзманди закот бошад.”
3-Имрон ва ободонӣ
Дар ҳукуматҳои башарӣ, бахшҳое аз муҳити зиндагӣ обод мешавад, ки ба гунае дар иртибот бо ҳокимон ва атрофиён ва ҳамфикрони онҳо ва ё табақаи ашроф ва бузургон ва соҳиб нуфузҳо бошад ва бақияи табақот фаромўш мешаванд, вале дар ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки амри тавлид ва тақсиму тавзеъ сомондиҳӣ мешавад, ҳама ҷо ба неъмат ва ободонӣ мерасад.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ дар тавсифи рўзгори Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
"...فلا يبقى في الارض خراب الا عُمِّرَ...".
“Дар тамоми замин ҳеҷ вайронае намемонад магар ин ки обод мегардад.”
В-Барномаи иҷтимоӣ
Яке аз абъоду намунаҳои ислоҳи сохтори ҷомеаи башарӣ, пардохтан ба барномаҳои иҷтимоӣ аст. Ҳукумати додгустари бузурги олам, барои сомонбахшии ҷомеа, барномаҳое бар асоси таълимоти Қуръон ва суннати Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим дар назар гирифта шуда аст, ки ба сабаби иҷрои онҳо муҳити зиндагӣ, заминаи омода барои рушд ва таолии афрод хоҳад буд. Дар ҷаҳоне, ки зери ҳокимияти илоҳӣ аст хубиҳо тарвиҷ мешавад ва аз бадиҳо наҳй мегардад ва бо бадкорон бархўрди қонунӣ мешавад ва низ ҳуқуқи иҷтимоии афрод ба баробарӣ пардохту тақсим мешавад ва адолати иҷтимоӣ ба маънои воқеии он пиёда ва амалӣ мешавад.
Ба ҷост ним нигоҳе ба ривоёт биандозем ва ҷилвае аз он дунёи зебоӣ ва хубиҳоро мушоҳида кунем:
1-Эҳё ва густариши амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар
Дар ҳукумати ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ фаризаи бузурги амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ба сурати густарда ба иҷро гузошта хоҳад шуд. Ҳамон воҷибе, ки Қуръон бар он таъкид карда ва онро аз вижагиҳои уммати исломӣ ба унвони баргузидаи умматҳо шумурда аст. (“Кунтум хайра умматин ухриҷат линнос таъмуруна бил маъруфи ва танҳавна анил мункари ва тўъминуна биллоҳи”. Сураи Оли Имрон ояти 110.)
Ҳамон амре, ки ба сабаби он ҳамаи воҷиботи илоҳӣ иқома мегардад ва канор гузоштани он сабаби асосӣ дар ҳалокату нобудии хубиҳо ва рушду зиёдии бадиҳо дар ҷомеоҳо буда аст.
Ва аз беҳтарину волотарини маротиби амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар он аст, ки раиси ҳукумат ва коргузорони он амр кунанда ба хубиҳо ва боз доранда аз бадиҳо бошанд.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
"المهدي و اصحابه ... يأمرون بالمعروف و ينهون عن المنكر".
“Маҳдӣ ва ёрони ў ... амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд.”
2-Мубориза бо фасод ва разоили ахлоқӣ
Наҳйи аз мункар, ки яке аз шохаҳои ҳукумати илоҳӣ аст танҳо бо забон нахоҳад буд, балки дар амал бо мункирот ва зиштиҳо муқобила хоҳад шуд, то ҷое барои фасод ва разилатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа намонад ва муҳити зиндагӣ аз зиштиҳо пок гардад.
Дар дуои нудба, ки фироқ ва навои ҷудоӣ аз ёри ғоиб аст мехонем:
"اين قاطع حبائل الكذب و الافتراء اين طامس آثار الزَّيغ و الأهواء".
“Куҷост он ки ресмонҳои дурўғ ва ифтироро решакан хоҳад кард? Куҷост он ки осори гумроҳӣ ва ҳавою ҳавасро нобуд хоҳад сохт?”
3-Иҷрои ҳудуди илоҳӣ
Бархўрд бо муфсидон ва табаҳкорони ҷомеа равишҳои гуногун дорад. Дар ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз тарафе бо равишҳои фарҳангӣ ва таълими маориф ва маҳкам кардани ақоид ва имон, фосидонро ба роҳи ислоҳ ва ростӣ бар мегардонанд ва аз сўи дигар бо таъмини ниёзҳои машрўъ ва маъқули зиндагӣ ва иҷрои адолати иҷтимоӣ, роҳро бар фасод ва табоҳӣ мебанданд, вале онҳое, ки бо вуҷуди ҳамаи инҳо роҳи таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон ва зери по гузоштани аҳкоми илоҳиро мепаймоянд ва чарчўби қонунро намепазиранд, бо онҳо шадидан бархўрд мешавад, то аз ин роҳ пеши табаҳкории онҳо гирифта шавад ва низ аз идомаи фасод дар ҷомеа тавассути дигарон пешгирӣ шавад ва он иҷрои ҳудуди илоҳӣ дар бораи муфсидон аст, ки ҳадду марзи он дар қонунҳои кайфарии Ислом баён гардида аст.
Дар ривояти баланде, ки аз Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл шуда аст, дар зимни баёни хусусиятҳои Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ омада аст:
“Ў ҳудуди илоҳиро иқома (ва иҷро) хоҳад кард.”
4-Адолати қазоӣ
Дар раъси барномаҳои ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар сатҳи ҷомеа иҷрои адолат дар ҳамаи бахшҳо бар қарор аст ва ўст, ки ҳамаи оламро пур аз адолат ва додгарӣ мекунад ҳамон гуна, ки пур аз зулму ҷур шуда бошад. Ва яке аз муҳимтарин ҳавзаҳои иҷрои адолат, бахши қазоват аст. Ва ин ҳамон бахше аст, ки бештарин зулмҳо ва ҳақкушиҳо дар он шуда аст. Амвол ба ноҳақ мусодира ва боздошт гашта ва хунҳо ба ноҳақ рехта шуда ва обрўи бе гуноҳон ба хатар афтода аст! Дар маҳкамаҳои қазоии дунё бештарин зулм бар мустазъафони олам шуда аст ва аҳкоми содир шуда аз онҳо зери таъсири нуфузи қудратмандон ва ҳокимони ситамгар, молу ҷони афрод ва гурўҳҳои бисёреро ба ноҳақ нобуд карда аст. Қозиёни дунёталаб низ барои ҷалби манфиатҳои моддӣ барои худ ва вобастагонашон ҳукмҳои золимонаи бисёре навишта ва иҷро кардаанд. Ва хулоса ин ки чӣ бисёр бе гуноҳе, ки ба чўбаи дор овехта шуда аст ва чӣ бисёр табаҳкоре ва муҷримоне, ки қонуни Худо дар бораи онҳо иҷро нагардида аст.
Ҳокимияти адолат густари Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ поёни ҳамаи зулмҳо ва ниҳояти ҳамаи ҳақкушиҳост. Ў ки мазҳари адолати Парвардигор аст, маҳкамаҳои додгустар ба вуҷуд меоварад ва қозиёни солеҳ ва муҷриёни дақиқ ва Худотарс мегузорад, то ба ҳеҷ касе дар ҳеҷ ҷои олам камтарин зулме раво дида нашавад.
Имом Ризо саломуллоҳи алайҳ дар зимни ривояти баланде дар тавсифи Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва даврони тиллоии зуҳури он ҳазрат фармуд:
"فاذا خرج اشرقت الارض بنور ربها و وضع ميزان العدل بين الناس فلا يظلم احدٌ احدا".
“Вақте Ў қиём кунад замин бо нури Парвардигор равшан гардад ва он ҳазрат тарозуи адолатро дар миёни халқ бигзорад, пас (чунон адолатро ҷорӣ кунад, ки) ҳеҷ касе бар дигарӣ зулму ситам раво надорад.”
Аз ин ривоят дониста мешавад, ки адолати қазоии он ҳазрат чунон густарда ва дақиқ аст, ки роҳро бар золимон ва судҷўён мебандад ва аз такрори зулму ситам ва оддӣ шудани таҷовуз ба ҳаққи дигарон, пешгирӣ мекунад.